Раиси вилояти Суғд бо корҳои таҷдиду навсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» шинос гардид

Ноябрь 27, 2021 10:08

ДУШАНБЕ, 27.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо татбиқи пурраи лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии Қайроққум», ки муҳлати он 57 моҳ, яъне аз соли 2019 то соли 2023 муайян шудааст, иқтидори лоиҳавии ҳар як агрегати неругоҳи мазкур аз 21 мегаватт қариб то 30 ва дар маҷмӯъ тавоноии он аз 126 мегаватт то ба 176 мегаватт расонида хоҳад шуд. Дар ин бора Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои таҷдиду навсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» дар шаҳри Гулистон изҳори назар намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.

Мавриди зикр аст, ки НБО «Қайроққум» дорои шаш агрегат буда, корҳои сохтмонии он соли 1952 оғоз гардидаанд. Агрегати якуми он бо иқтидори 21 мегаватт 15 декабри соли 1956 ба кор дароварда шудааст. Иншооти гидроэнергетикӣ аз 20 ноябри соли 1957 бо иқтидори пурраи 126 мегаватт фаъолият намуда, бо сабаби фаъолияти беш аз нимасра таҷҳизоти неругоҳ кӯҳнаю фарсуда гардида, зарурати таҷдид ва навсозии онро ба миён овард.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии Қайроққум» амалӣ шуда истода, таҷдиди асосии неругоҳ, иншооти ёрирасон ва гидротехникии он марҳила ба марҳила сурат мегирад.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо ёдоварӣ аз талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат- истиқлолияти энергетикӣ барои иҷрои босифати корҳо ва дар муҳлати муайянгардида татбиқ намудани лоиҳа ба масъулин супоришҳо дод.

 

АКСҲО аз Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд

 

 

Ноябрь 27, 2021 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид