Раиси вилояти Суғд бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои нав мубодилаи афкор намуд
ДУШАНБЕ, 03.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндагони Бонки ҷаҳониро, ки бо роҳбарии Теклу Тесфайе ба вилояти Суғд ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои нави ин ниҳоди байналмилалии молиявӣ мубодилаи афкор намуда, ба нақши Бонки ҷаҳонӣ дар рушди иқтисодиёт баҳои баланд доданд, иттилоъ доданд аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар».
Раҷаббой Аҳмадзода аз тадбирандешиҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ёдовар шуда, иброз дошт, ки дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ ҳанӯз имконоти истифоданашуда хеле зиёданд ва татбиқи лоиҳаҳои гуногун, аз қабили лоиҳаи «Тиҷоратикунонии хоҷагии қишлоқ», ки тӯли чанд соли охир бо мусоидати Бонки ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодааст, барои кишоварзон манфиатовар мебошад.
Раиси вилояти Суғд таваҷҷуҳи намояндагони Бонки ҷаҳониро барои сармоягузорӣ ба соҳаи кишоварзӣ ҷалб намуда, таъкид намуд, ки бо ташкили обанборҳои нав дар ноҳияҳои Деваштич ва Шаҳристон метавон ҳазорҳо гектар заминро аз худ намуда, бунёди боғҳои нав ва кишти зироати гуногунро ба роҳ монд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мусоидати Бонки ҷаҳонӣ барои таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ лоиҳаи нав амалӣ гардида, дар доираи он хоҷагиҳои тухмипарварӣ дастгирӣ карда мешаванд. Тибқи пешбиниҳо, тавассути ин лоиҳа навъҳои нави тухмии картошкаву гандум ва ниҳолу дарахтони мевадиҳандаи суперинтенсивӣ ворид карда шуда, бо ин васила таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ бо ниҳол ва тухмиҳои аълосифат ба роҳ монда хоҳад шуд. Ҳамзамон барои масъулини хоҷагиҳои тухмипарварии ҷумҳурӣ ташкили дарсҳои омӯзишӣ ба нақша гирифта шуда, кишоварзон технологияи парваришу обёрӣ ва дигар таҷрибаҳои замони муосирро аз худ мекунанд.
Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориро баррасӣ ва барои татбиқи муваффақонаи лоиҳаи нав омодагии хешро иброз доштанд.
АКС аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






