Роҳбарони бонкҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд дастрасии молиявӣ ва маблағгузории сабзро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 02.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1-2 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон бо ташаббуси Фонди хазинаҳои амонатгузории Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ «German Sparkassenstiftung» ҳамоиши минтақавӣ доир гардид, ки дар он дар радифи роҳбарону намояндагони бонкҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ иштирок намуд.
Аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳамоиши минтақавӣ дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба рушди деҳот ва таҳкими иқтидори корхонаҳои хурду миёна дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон» доир гардида, ҳадафаш таҳкими ҳамкории байнибонкӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои марбут ба рушди иқтисодиёт дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар ҳамоиш намояндагони Фонди хазинаҳои амонатгузории Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ «German Sparkassenstiftung» ва бонкҳои шарики Фонди мазкур дар мавзӯъҳои «Дастрасии молиявӣ», «Дастгирии соҳибкории хурду миёна: Таъсири омӯзиши соҳибкорон» ва «Маблағгузории сабз» маърӯза намуда, пешниҳодҳои судманд баён доштанд.

Иштирокдорони ҳамоиш инчунин бо дастовардҳои дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба рушди деҳот ва таҳкими иқтидори корхонаҳои хурду миёна дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон» татбиқгардида шинос шуданд.
АКСҲО: Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк»








Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Бангкок мулоқоти вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз баргузор шуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион занон дар деҳот зиндагӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Ин соҳа зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст
Дар доираи Форуми тиҷоратии «New Silk Way» роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон вохӯрӣ намуданд
Мораторий ба санҷиши субъектҳои соҳибкории хурду миёна то 1 январи соли 2029 тамдид карда мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2430 сомонӣ муқаррар шудааст
Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд






