Ронандаи дағалрафтори «Автобус»-и хатсайти №8 ҷаримабандӣ ва аз кор ронда шуд

Ноябрь 20, 2021 12:25

ДУШАНБЕ, 20.11.2021.  /АМИТ «Ховар»/. Ронандаи автобуси хатсайти №8 –и пойтахт Бахтиёр Назаров барои рафтори дағалонааш   нисбат ба мусофири  ин хатсайт  шурӯъ аз 19 ноябри соли равон   аз ҳаққи фаъолият дар нақлиёти мусофиркашонӣ маҳрум карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, шоми 18-уми ноябри соли ҷорӣ як нафар ҷавонзани сокини шаҳри Душанбе бо нашри муроҷиат дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук аз мақомоти дахлдор хоҳиш намуд, ки нисбат ба  ронандаи «Автобус»,  рақамҳои қайди давлатиаш 8705ТТ05, ки дар хатсайри №8 фаъолият дорад, чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Ба иттилои муроҷиаткунанда, ронандаи автобус хилофи талаботи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ амал намуда, барои ба таври нақдина насупоридани маблағи роҳкиро ва истифодаи корти нақлиётӣ аз ҷониби як нафар ҷавондухтари тахминан 12-13 сола ғазабнок шуда, нисбати охирон хилофи маданияти ронандагӣ бо садои баланд дағалгуфторӣ намуда, оромии дигар мусофиронро халалдор ва рафтори зиддиҳуқуқӣ содир намудааст.

Муроҷиати мазкур боиси вокуниши шадиди шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ қарор гирифта, дар зимн аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намудаанд, ки нисбат ба  ин ронандаи дағалрафтор чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.

Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои фаврӣ-санҷишӣ ронандаи хатсайри зикргардида муайян ва ба мақомоти милитсияи пойтахт дастрас карда шуд.

Муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Назаров Бахтиёр Алишерович,  соли  таваллудаш 1977, сокини шаҳри  Душанбе, кӯчаи Н.Махсумов-125, ронандаи ККВД «Авбобус-1» мебошад. Зимни пурсиши шоҳидон ва санҷиши ҳамаҷонибаи ҳодисаи мазкур гуноҳи содирнамудаи ронанда тасдиқи худро ёфт.

Вобаста ба ин нисбат ба  Назаров Бахтиёр тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд.  Бо Қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 420 сомонӣ таъйин карда шуд. Илова бар ин,  номбурда барои ин кирдори содирнамудааш,  шурӯъ аз 19.11.2021 аз ҳаққи фаъолият дар нақлиёти мусофиркашонӣ маҳрум карда шуд.

Ҳамзамон дар доираи муроҷиати мазкур ҷиҳати аз байн бурдани рафтори дағалонаи ронандагон бо мусофирон аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе бо ронандагону кормандони ККВД «Автобус-1» корҳои профилактикӣ гузаронида шуд.

АКСҲО: Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Ноябрь 20, 2021 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд