СОЛИ 2022 ДАР ДУШАНБЕ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДАҲСОЛАИ ОБ БАРГУЗОР МЕШАВАД. Дар ин бора Президенти Тоҷикистон дар Панели сатҳи баланди СММ зикр намуданд

Ноябрь 3, 2021 13:00

ДУШАНБЕ, 03.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли оянда дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба даҳсолаи об гузаронида мешавад. Дар ин бора дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии онлайнӣ дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки аз ҷониби Котиби генералии СММ ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ таъсис шудааст, ибрози назар намуданд.

Пешвои миллат бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ талафоти ҳамасолаи оби ошомиданиро, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба миён меояд, хотирнишон намуданд. Асоси муроҷиати Сарвари давлатро бинобар гармшавии глобалии иқлим камшавии босуръати шумораи пиряхҳо, ки дар кӯҳҳои кишвар ҷойгиранд, ташкил дод.

«Пиряхҳои мо босуръат об шуда истодаанд. То имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон зиёда аз як ҳазораш комилан об шудаанд. Тайи чанд даҳсолаи охир ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст»,-иброз  намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Инчунин Сарвари давлат зикр намуданд, ки ҳоло дар минтақа талабот ба неруи барқ ва захираҳои об ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

«Даҳсолаҳои охир дар минтақаи мо тағйири назарраси даврҳои иқлим беш аз пеш ба мушоҳида мерасад. Зимистонҳои мо бештар сарду тӯлонӣ ва фасли тобистон гарму хушк гардида истодаанд.

Вобаста ба ин, ҳоло дар минтақа талабот ба неруи барқ ва захираҳои об ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Илова бар ин, даври гидрологӣ низ  тағйир ёфта истодааст, ки дар минтақа боиси дигар шудани ҷараёни дарёҳо ҳам аз лиҳози ҳаҷм ва ҳам аз лиҳози замон мегардад. Дар чунин вазъият иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсоли неруи барқ ва  танзими захираҳои об дар минтақа наметавонанд талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва иқтисодро қонеъ гардонанд»,-иброз доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат тобистони соли гузаштаро, ки Тоҷикистон маҷбур шуд содироти неруи барқро ба кишварҳои ҳамсоя муваққатан қатъ намояд, мисол оварданд.

Ҳамзамон бо ин, кишварҳои минтақа дар авҷи мавсими обёрӣ ба камбуди об дучор гардиданд.

«Зимистони бармаҳал, сард ва тӯлонии соли равон моро бо мушкилоти нав рӯ ба рӯ сохт. Бар замми ин, соли ҷорӣ хушксолии шадид дар баъзе кишварҳои минтақа боиси талаф ёфтани зироати кишоварзӣ ва саршумори зиёди чорво гардид»,-изҳор доштанд Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки соли оянда дар доираи раванди оби Душанбе дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои шарик Конфронси навбатии байналмилалӣ  оид ба даҳсолаи об баргузор мегардад. Ба гуфтаи Сарвари давлат, конфронси Душанбе занҷираи марказии раванди омодагӣ ба  Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об дар соли 2023 хоҳад гардид, ки Тоҷикистон ва Нидерланд ҳамраисии онро ба уҳда доранд.

«Тоҷикистон саъй хоҳад кард, ки ҳамбастагии об ва иқлим дар рӯзномаи Конфронси зикршудаи Созмони Милали Муттаҳид низ ҳамаҷониба инъикос ёбад»,-иброз доштанд Эмомалӣ Раҳмон.

Хотиррасон менамоем, ки Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об аз ҷониби Котиби генералии СММ ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ таъсис дода шуда буд. Масъалаи ташкили он бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якчанд кишварҳои узви СММ моҳи сентябри соли 2015 дар иҷлосияи Ассамблеяи генералии СММ дар доираи Ҳадафи ташкилёбии Рушди Ҳазорсола ба миён омада буд. Он замон ҷомеаи ҷаҳонӣ бо нишони эҳтиром ба талошҳо ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои ҷаҳонии об он касро аз ҷумлаи роҳбарони 193 кишвари узви СММ ба ҳайати Панели сатҳи баланд оид ба об интихоб намуданд, ки иборат аз 15 нафар буда, роҳбарони давлатҳои ташаббускори масъалаҳои об мебошанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 3, 2021 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«РИВОЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН». Яъқуб Ясно, нависанда ва пажуҳишгар: «Агар шумо шахсияти сиёсии дигареро дар замони муосир мешиносед, ки бештар аз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди фарҳанги ориёӣ самимона заҳмат кашидааст, намуна ва мисол биоваред!»
«ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ». Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор шуд
ҲАРОРАТИ ГЛОБАЛИИ ҲАВО БА 1,5 ДАРАҶА РАСИДААСТ. Ин ба уҳдадории давлатҳо дар доираи Созишномаи Париж мухолифат мекунад
Президенти Тоҷикистон: «Кишоварзони мамлакат бояд ба масъалаи парваришу захираи тухмиҳои беҳтарин ва ниҳолҳои серҳосил таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Се ҷашни миллии мо – Наврӯз, Сада ва Меҳргон аз ҷониби мардуми фарҳангпарвари ҷаҳон пазируфта шудаанд»
«ОЛАМИ ГУЛДӮЗИИ ТОҶИКОН». Ин китоб мероси пурарзиши тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд
Вобаста ба омодагӣ ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Cоли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш доир шуд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН. Созмони Милали Муттаҳид ба таҷлили Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз намуд
Дар Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз гардид
Масъуд Пизишкиён: «Дар Тоҷикистон эҳсоси ғурбат намекунам»
Эмомалӣ Раҳмон Масъуд Пизишкиёнро ба ҷашни Наврӯз даъват намуданд
НАЗАРИ КОРШИНОС. Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бар пояи пайвандҳои таърихӣ асос ёфтаанд

Маводҳои таҳлилӣ