ТАСС: Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба Русия пешниҳод намудааст, ки китобҳои дарсии забони русиро ба мактабҳо мутобиқ созад

Ноябрь 11, 2021 13:22

ДУШАНБЕ, 11.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён ба ҳамкорони рус пешниҳод кардааст, ки барои таҳия ва мутобиқсозии китобҳои дарсии забони русӣ барои мактабҳо ва донишгоҳҳои Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис диҳанд. Тавре хабаргузории ТАСС иттилоъ додааст, дар ин бора дар ҷараёни мизи мудаввар таҳти унвони “Вазъият ва дурнамои ҳамкории башардӯстона миёни Тоҷикистон ва Русия: маориф, илм, фарҳанг”, ки дирӯз, 10 ноябр тавассути видеоконфронс дар чаҳорчӯби Анҷумани ҳафтуми байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуд, пешниҳод манзур шудааст.

«Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки масъалаҳои дастрасии китобхонаҳои электронии мактабҳои Федератсияи Русия, инчунин дастрас намудани намунаҳои электронии китобҳои дарсӣ ба забони русӣ барои мутобиқсозӣ ва нашри минбаъдаи онҳо дар ҷумҳурӣ баррасӣ шаванд», — гуфт Саломиён.

Вай афзуд, ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки як гурӯҳи кории дуҷониба оид ба мутобиқсозӣ ва таҳияи силсилаи маҷмӯаҳои таълимию методии забони русӣ барои низоми таҳсилоти умумии Тоҷикистон таъсис дода шавад. Муовини вазир тавзеҳ дод, ки дар Тоҷикистон 38 мактаби русӣ фаъолият мекунанд, 173 мактаб синфҳои русӣ доранд, барои онҳо китобҳо нашр шудаанд, ки аз ҷониби русшиносони маъруф, муаллифони Донишгоҳи Санкт-Петербург омода шудаанд ва курсҳои такмили ихтисос барои баланд бардоштани сатҳи тахассуси муаллимони забон ва адабиёти рус гузаронда мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, Вазорати маориф ва илм таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ миёни  донишгоҳҳои омӯзгории Тоҷикистон ва Русияро ба мақсад мувофиқ медонад, ки метавонанд барои роҳандозии сатҳи баландтари муносибатҳо миёни кафедраҳои тахассусӣ замина фароҳам оваранд.

«Мо изҳори омодагии худро барои таҳияи барномаҳои дудипломӣ дар соҳаҳои педагогӣ изҳор менамоем», — хулоса кард муовини аввали вазир.

Дар ҳамин ҳол Саломиён таъкид  намуд, ки низоми маорифи Тоҷикистон дар ҳолати ислоҳот қарор дорад. Мавсуф мушкилоти асосии системаи маорифро дар саросари ИДМ, ки дар натиҷаи равандҳои ҷаҳонишавӣ, аз қабили рушди технологияҳо, навоварӣ дар бархӯрдҳо ба раванди таълим ва равиши бисёрзинагӣ дар таълим ба вуҷуд омадаанд, зикр намуд.

 

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 11, 2021 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд