Тоҷикистон аз Русия хостааст ҳамкорӣ дар самти тандурустиро густариш диҳад
ДУШАНБЕ, 11.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Табибони тоҷик аз ҳамкасбони руси худ хостаанд ҷиҳати ҳамкорӣ дар масъалаҳои мубрами рушди низоми тандурустии ду кишвар мусоидат кунанд. Ба гузориши АМИТ “Ховар” бо такя ба ТАСС, дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода (ДАР АКС) зимни ҳамоиши “Вазъият ва дурнамои ҳамкории башардӯстона миёни Тоҷикистон ва Русия: маориф, илм, маданият», ки дар реҷаи онлайн гузашт, ибрози назар намуд.
«Ҷониби Тоҷикистон аз Русия хоҳиш мекунад, ки дар рушд ва тавсеаи ҳамкорӣ оид ба <…> масъалаҳои мубрами рушди системаҳои тандурустии ду кишвар мусоидат намояд», — гуфт ӯ дар ҷараёни ҳамоиш, ки дар доираи омодагӣ ба Форуми ҳафтуми байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия гузашт.
Ба гуфтаи Муҳсинзода, аз ҷумла, сухан дар бораи омода кардани мутахассисони тоҷик дар заминаи марказҳои илмию клиникии Русия, гузаштани курсҳои такмили ихтисос, ординатура, аспирантура, докторантура аз рӯи баъзе ихтисосҳо, инчунин расонидани кумаки техникӣ барои таъсиси маркази вирусология ва микробиология дар Тоҷикистон меравад.
Муҳсинзода ҳамчунин зикр кард, ки дар ин марҳила ҳамкорӣ миёни Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ва Роспотребнадзор ҷиҳати мусоидат дар кори пешгирӣ ва ташхиси бемориҳои сироятӣ идома дорад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






