Тоҷикистон воридот ва содироти воситаҳои нақлиётро афзоиш додааст

Ноябрь 26, 2021 14:01

ДУШАНБЕ, 26.11.2021 /АМИТ «Ховар» /. Тоҷикистон аз аввали соли равон  воридоту содироти воситаҳои нақлиётро афзоиш додааст. Воридоти воситаҳои нақлиётӣ ба ҷумҳурӣ дар ин муддат 43,9 фоиз ва содирот 1,9 баробар афзудааст.

Тибқи хабари Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар ҷумҳурӣ корхона оид ба банду басти автобусҳои мусофиркашонӣ ва тракторҳои кишоварзӣ таъсис дода шудааст. Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воридоти воситаҳои нақлиёт нисбат ба моҳҳои январ-октябри соли 2020-ум 43,9 фоиз ё  беш аз 184,2 миллион доллар зиёд шудааст. Маблағи умумии воридоти воситаҳои нақлиёт дар ин давраи соли равон  беш аз 265 миллион  долларро ташкил медиҳад. Тоҷироне, ки ба воридоти воситаҳои нақлиёт машғуланд, бар ин боваранд, ки афзоиши воридоти мошинҳо ба талабот ба он дар бозори дохилӣ вобаста аст, бо вуҷуди он ки нархи сӯзишворӣ аз оғози соли ҷорӣ пайваста боло меравад.

Воситаҳои нақлиёт, хусусан мошинҳои сабукрав  асосан аз кишварҳои назди Балтика, Аврупо ва Кореяи Ҷанубӣ воридот мегарданд. Ва дар бозори воситаҳои нақлиёти калонҳаҷм ҷои аввалро истеҳсолкунандагони чинӣ ишғол мекунанд.

Содироти воситаҳои нақлиёт нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 1,9 баробар афзоиш ёфтааст. Маблағи воситаҳои нақлиётии содиротӣ дар ин давра беш аз 7,3 миллион долларро ташкил дод.

      Акс аз манбаъҳои боз

Ноябрь 26, 2021 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад