Вазирони кишоварзии Осиёи Марказӣ дар нишасти чорум масъалаи тағйирёбии иқлимро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 04.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти асосии соҳаи кишоварзӣ дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Дар соҳаи кишоварзӣ сарчашмаҳои хатарҳои вобаста ба обу ҳаво ва иқлим бисёр ва гуногунанд, аз қабили захираҳои маҳдуди об, хушксолӣ, биёбоншавӣ, таназзули замин, эрозия, жола, обхезӣ, сармоҳои барвақтӣ ва дигар омилҳо. Чунин зикр гардид дар нишасти чоруми вазирони кишоварзии кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Таъсири оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим ва ҳолатҳои фавқулода ба соҳаи кишоварзӣ», ки 2 ноябр ба таври онлайн баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Нишасти мазкур таҳти раёсати Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ҳамбастагӣ бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) доир гардид.
Дар кори нишаст вазирони кишоварзии давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сулаймон Зиёзода, Ҷумҳурии Қазоқистон — Ербол Карашукеев, Ҷумҳурии Қирғизистон – Аскарбек Джанибеков, Ҷумҳурии Узбекистон — Жамшид Ходжаев, муовини директори генералии Намояндагии минтақавии ФАО дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ — Владимир Рахманин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳадаф аз баргузории нишаст- омӯзиш ва табодули таҷриба миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ доир ба таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ҳолатҳои фавқулода ба соҳаи кишоварзӣ мебошад.
Дар нишасти мазкур маҷмӯи масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид.
Зикр шуд, ки нишасти кунунӣ саривақтӣ мебошад, зеро кишварҳои Осиёи Марказӣ дар он нақшаҳои миллии худро оид ба тағйирёбии иқлим дар ҳамбастагӣ таҳия намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани он талош меварзанд.
АКСҲО: Вазорати кишоварзии ҶТ








Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад






