Имрӯз Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон таҷлил мегардад

Декабрь 28, 2021 14:00

ДУШАНБЕ, 28.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз соли 2011 дар Тоҷикистон 28 декабр Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ таҷлил мешавад. Он соли 2011 бо Фармони Президенти Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили 20-умин солгарди ташкили Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шудааст. Дар ин рӯз дар мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон маросими супоридани ҷоизаҳои идоравӣ ва дигар ҳамоишҳои идона баргузор мегарданд.

Мавриди ёдоварист, ки дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ Рӯзи кормандони мақомоти амнияти давлатӣ, ки бештар бо номи Рӯзи чекистон маъруф аст, 20 декабр ҷашн гирифта мешуд, зеро дар ҳамин рӯзи соли 1917 Комиссияи умумирусиягии фавқулода дар назди Шӯрои комиссарони халқӣ оид ба мубориза бо аксулинқилоб ва коршиканӣ таъсис ёфта буд.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ба ҷои КДА-и ҷумҳуриявӣ дар ҳайати КДА-и ҶШС мақомоти амнияти давлатии худро таъсис доданд. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон ба ҷои КДА-и ҶШС Тоҷикистон бо Фармони дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1991 Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Соли 1995 КАМ тағйири ном карда, ба Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Соли 2006 ин вазорат фаъолияташро қатъ кард ва ба ҷои он Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) таъсис дода шуд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон» Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба сохтори ҳокимияти иҷроияи ҷумҳурӣ шомил карда шудааст. Ин ниҳоди истихборотӣ ва зиддистихборотиест, ки вазифаи асосии он таъмини амнияти миллӣ ва давлатии Тоҷикистон мебошад. Ба вазифаҳои асосии КДАМ Тоҷикистон таъмини амнияти дохилӣ ва марзбонӣ, мубориза бо терроризм ва ҷиноятҳои муташаккил шомиланд.

Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони мақомоти амнияти ҷумҳурӣ моҳи декабри соли 2017 ба кормандони мақомоти амният, фарзандони содиқи Ватан ва ҳомиёни марзу буми кишвар барои иҷрои хизматҳои шоиста изҳори миннатдорӣ намуда, аз нақши кормандони ин ниҳоди қудратии мамлакат дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои истиқлолият, таъмини амнияти миллӣ ёдовар шуданд.

Сарвари давлат аз шароити душвору печида ва мураккаби ҷаҳони муосир, авҷ гирифтани амалҳои террористӣ дар аксар давлатҳои сайёра изҳори нигаронӣ намуда, таъкид карданд, ки аз ҳар хизматчии низомӣ маҳорати баланди касбӣ, ҳушёрӣ ва садоқат ба давлату миллат талаб карда мешавад.

P.S. АМИТ «Ховар» кормандони мақомоти амнияти Тоҷикистонро бо иди касбиашон табрик менамояд: «Фаъолияти шумо тақозо менамояд, ки далер, шуҷоъ, устувор, ҳушёру зирак бошед. Шумо хидмати худро софдилона ва поквиҷдонона анҷом медиҳед, амнияти давлату миллатро ҳифз мекунед. Ташаккур ба шумо! Бигзор ҳама мушкилоте, ки дар роҳи шумо пеш меоянд, ҳамеша ба осонӣ бартараф карда шаванд ва орзуманди онем, ки дар ҳаёти шахсии шумо ҳеҷ  душворие эҳсос нашавад. Ба шумо саломатӣ ва хотири ҷамъ таманно дорем. Ид муборак!»

                                                 АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 28, 2021 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 111 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шуд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон: «Бар зидди паҳншавии воситаҳои нашъадор якҷоя мубориза барем!»
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
161 нафар муҳоҷирони экологӣ соли 2025 бо қитъаи замин ва кумаки яквақтаинаи моддӣ таъмин карда шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соли 2025 беш аз 200 ҳодисаи табиӣ ба амал омадааст
ТАРБИЯ ПЕШ АЗ ТАЪЛИМ АСТ. Чаро ҷинояткории наврасону ҷавонон коҳиш намеёбад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 вобаста ба маводи нашъаовар чӣ миқдор ҷиноят ошкор гардид?
Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон зиёда аз 26 тонна маҳсулоти гӯштии бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ вохӯриҳо доир гардиданд
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии омилҳои хурофотӣ ва тафаккури ифротӣ вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи 10-уми вазирони давлатҳои аъзои СҲИ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ доир шуд