Абдураҳмон Муҳаммад: «Омӯзгор бояд тарбиятдида бошад, вагарна касе аз вай донишу таълими дуруст гирифта наметавонад»
ДУШАНБЕ, 24.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад». Ин яке аз муҳимтарин нуктаест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабр зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр доштанд. Воқеан ҳам маориф чун воситаи асосиест, ки барои рушд ва пешравии миллат хизмат менамояд, иброз дошт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ “Ховар” ноиби Президенти АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Абдураҳмон Муҳаммад.
Ҳамсуҳбати мо дар робита ба Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти илму маориф зикр намуд, ки Сарвари давлат дар Паёми хеш супориш доданд, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳида пешбинӣ шавад, зеро аксари он донишҷӯёне, ки донишгоҳро хатм мекунанд, забонҳои хориҷиро намедонанд. Ин эроди Сарвари давлат хеле зарурӣ ва баҷост.
«Имсол баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» нишон дод, ки аксари муассисаҳои миёна ва олии мамлакат бо толибилмон кор намекунанд, зеро якчанд нафаре, ки ғолиби озмуни мазкур муаррифӣ гардиданд, аз муассисаҳои хусусӣ буданд»-, мегӯяд Абдураҳмон Муҳаммад.
Дар масъала омӯзиши забони русӣ ва англисӣ ҳамсуҳбати мо зикр намуд, ки «хонанда дар муассисаи таҳсилоти миёна ва олии мамлакат мехонад, тӯли ёздаҳ сол ба ғайр аз забони модариаш чанд забони дигар меомӯзад, аммо пас аз хатми он маълум мегардад, ки ин забонҳоро намедонад. Нафароне ҳастанд, ки дар факултаҳои забони русӣ таҳсил менамоянд, вале бо ин забон ҳатто муошират карда наметавонанд. Пас маълум мегардад, ки дар ин муассисаҳо шароити бо ин забонҳо суҳбат карданро сохта наметавонанд. Албатта, дар ин самт гунаҳкори асосӣ омӯзгор аст. Итминон дорам, ки дар муассисаҳои миёна ва олии мамлакат омӯзгороне ҳастанд, ки худашон забонҳои хориҷиро намедонанд, аммо ба хонандагон дарс медиҳанд. Ба ин масъала сарфи назар аз норасоии омӯзгорон роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат бояд диққати махсус диҳанд».
«Дуруст аст, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон занҳо аз 58- солагӣ ва мардҳо аз 63-солагӣ ба нафақа мераванд. Аммо мо бояд як чизро ба назар гирем, ки аксари ин омӯзгорон беҳтарин мутахассисони ҷумҳурӣ ҳастанд. Мутахассис синну сол надорад, чаро мо аз таҷрибаи бою ғании онҳо истифода набарем? Ҷавон кардани сатҳи омӯзгорон тақозои замон аст, аммо на ба ин ҳад, ки дар бархе донишгоҳу донишкадаҳои мо ба роҳ монда шудааст”,-изҳори нигаронӣ намуд Абдураҳмон Муҳаммад.
Мавсуф гуфт, ки «қабул намудани конвенсияҳои байналмилалӣ дар самти таълиму тарбия ва илмомӯзии хонандагон тақозои замон аст, ба шарте, ки дар он хусусиятҳои хоси ҷумҳурӣ ба инобат гирифта шаванд. Масалан, ҷумҳуриҳои Қирғизистону Қазоқистон ҳангоми ҷорӣ намудани системаи ҷаҳонии таълим дар соҳаи маориф конвенсияро ба шакли таълими худашон мувофиқ намуданд. Аммо дар мо ҳар он талаботе, ки дар ин конвенсия омада буд, ҳамонро қабул карданд».
«Пешвои миллат дар Паёмашон як нуктаи муҳимро мантиқан иброз намуданд, ки барномаҳо кӯҳна ҳастанд. Барои доно як ишора бас аст. Омӯзгор агар ҷавобгариро ҳис накунад, вай муаллим шуда наметавонад. Тарбиятгар бояд тарбиятдида бошад. Агар инсон тарбиятдида набошад, тамоми донишҳои дунёро дар сараш ҷо кунӣ ҳам, касе аз вай донишу таълими дуруст гирифта наметавонад”,-гуфт дар интиҳои суҳбат Абдураҳмон Муҳаммад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






