Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Конфронси кишварҳои тарафҳои Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия иштирок намуд

Декабрь 17, 2021 09:32

ДУШАНБЕ, 17.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентӣ аз 13 то 17 декабр дар шаҳри Шармушшайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҷаласаи 9-уми Конфронси кишварҳои тарафҳои Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия ва нишасти коршиносони мақомоти зиддикоррупсионӣ дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Мусоидат ба рушди устувор тавассути дастгирии раванди татбиқи Конвенсияи СММ зидди коррупсия дар кишварҳои масири камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим» иштирок ва доир ба сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ибрози андеша намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар кори конфронс намояндагон ва шахсони воломақом аз 152 давлати аъзои СММ иштирок карданд.

Дар ҳошияи иштирок вохӯриҳои дуҷониба бо намояндагони Ҷумҳурии Арабии Миср, Украина ва Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) баргузор гардиданд.

 

«Дар  назар аст, ки аз рӯи натиҷаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гарданд, ки онҳо метавонанд дар ташаккули минбаъдаи муқовимат ба коррупсия муосидат намоянд», — хабар доданд аз Агентӣ.

Умед аст, ки натиҷаҳои ҷаласа ва нишаст барои боз ҳам тақвият бахшидани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия заминаи мусоид фароҳам меоваранд.

АКСҲО: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ

Декабрь 17, 2021 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад