«ҲАЁТ БЕ ЗӮРОВАРӢ ЗЕБОСТ». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир гардид

Декабрь 8, 2021 10:31

ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Ҳаёт бе зӯроварӣ зебост» ҳамоиш доир шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар кори ҳамоиш коршиносон ва донишҷӯён ширкат намуда, доир ба хушунату зӯроварӣ дар оила ва баробарии гендерӣ, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зӯроварӣ дар оила» ва дигар барномаҳои соҳавии таҳияшуда, ки татбиқи онҳо  ба беҳтар гардидани  мақоми зан дар ҷомеа мусоидат мекунад, маълумоти муфассал гирифтанд.

Зикр гардид, ки   бо қарори махсуси   СММ ҳамасола аз 25 ноябр то  10 декабр дар тамоми кишварҳо маъракаи ҷаҳонии «16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварии гендерӣ»  доир мешавад ва бахшида ба ин мавзӯъ ҳамоишу ҷамъомадҳо баргузор мегарданд.

Ҳамзамон ба донишҷӯён доир ба  интихоби ранги норинҷӣ, ки рамзи ин маърака буда, маънои равшанӣ ва умед ба ояндаро дорад, маълумот дода шуд.

Дар идомаи ҳамоиш миёни донишҷӯён викторина доир шуда, беҳтаринҳо бо туҳфаҳои масъулин қадрдонӣ шуданд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҶТ

Декабрь 8, 2021 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд