Аз номи Пешвои миллат ба хонандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии сустшунавоёни ноҳияи Рӯдакӣ туҳфаҳои идона тақдим шуданд

Декабрь 28, 2021 15:37

ДУШАНБЕ, 28.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар тарабхонаи «Саманд»-и ноҳияи Рӯдакӣ барои 220 нафар хонандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии сустшунавоёни ноҳия маҳфили фарҳангӣ ва  дастурхони идона ороста, аз номи Пешвои миллат туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардиданд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар барнома муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Абдуфаттоҳзода ва раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи маҳфил муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён тамоми хонандагонро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соли нави мелодии 2022 муборакбод гуфта, дар рӯзгору таҳсили минбаъдаашон муваффақият  таманно намуд.

Дар ҷараёни маҳфил туҳфаҳои Пешвои миллат, иборат аз сару либоси гарм, пойафзолу шириниҳо ва туҳфаи солинавӣ ба кӯдакони мактаб-интернат тақдим гардиданд.

Дар идомаи маҳфил аз тарафи хонандагон рақсу сурудҳои ҷолиб пешкаши ҳозирин гардида, ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо сурудҳои дилнишин хотири ҳамагонро болида намуданд.

АКСҲО аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ

Декабрь 28, 2021 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад