Ба сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, хизматчиён ва нафақагирони КҲФ ва МГ аз номи Сарвари давлат туҳфаҳои солинавӣ тақдим шуданд

Декабрь 29, 2021 09:58

ДУШАНБЕ, 29.12.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар арафаи соли нав аз номи Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати шахсӣ, сарбозони  қисмҳои ҳарбӣ, ҳамчунин хизматчиён ва нафақагирони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои солинавӣ ва  маводи ғизоӣ тақдим шуданд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ. 

28 декабр Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, генерал-полковник Рустам Назарзода аз номи Сарвари давлат ба ҳайати кормандони техникии Кумита туҳфаҳо, ки шириниҳо, орд, шакар, биринҷ ва картошкаро дар бар мегирифт, супорид.

Ҳамчунин барои сарбозон ва афсарони ҳамаи қисмҳои ҳарбии Кумитаи мазкур дастурхони идона ороста шуда, барномаҳои консертӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардиданд.

Дирӯз ҳамчунин дар ҳамаи раёсатҳои вилоятиву шаҳрӣ, аз ҷумла раёсатҳои КҲФ ва МГ дар Суғд, шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, ВМКБ ва шуъбаҳои ноҳиявӣ маросими супурдани туҳфаҳои солинавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои тантанавии солинавӣ баргузор шуданд.

 

АКС: КҲФ ва МГ

Декабрь 29, 2021 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд