«БЕШТАР МЕВАЮ САБЗАВОТ ИСТЕЪМОЛ КУНЕД!». Профессор Ҷаҳон Азонов маҳсулотеро номбар кард, ки метавонанд коронавирусро бо шикаст мувоҷеҳ намоянд

Декабрь 2, 2021 16:04

 ДУШАНБЕ, 02.12.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Барои муқовимат бо сирояти коронавирус истеъмоли хӯрокҳое, ки дорои миқдори зиёди витаминҳо ва минералҳоянд ва  максунияти бадан(имунитет)-ро   таҳким мебахшанд, кумак мерасонанд. Дар ин бора ба  хабарнигори АМИТ «Ховар» сармушовири Пажуҳишгоҳи ғизои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҷаҳон АЗОНОВ иттилоъ дод.

Ба  ақидаи профессор Азонов, ба гирифторони  бемории коронавирус  бояд маҳсулоте пешниҳод гардад, ки  тавоноии бадани беморро  баланд бардоранд, зеро ин беморӣ бевосита ба масунияти бадан вобаста аст.

Маҳсулоте, ки беморон истеъмол мекунанд, бояд  таркибашон аз руҳ (синк), витаминҳои С, Е, А, Д, флованоидҳо ва маводи дорои зиддиоксидантҳо бой бошанд, гуфт  ӯ.

Дар таркиби меваю сабзавот   руҳ зиёд мебошад.  Хусусан дар таркиби анҷир, анор, хурмо, қорти сиёҳ, тамашк (малина), хуч, сирпиёз, топинамбур, шалғам,  помидор, картошка, шалғамчаи сурх, ҷаъфарӣ,  бодиён,  шибит ва пиёз ин навъ витамин  зиёд ба назар мерасад.

Инчунин хуч, картошка, пиёз, хучи ғундӣ, қаламфури булғорӣ ва ғубайро витамини С   доранд.

“Бояд гуфт, ки ҳангоми пухтани ғизо барои нобуд нашудани витамини С дар картошка онро бо пӯсташ дар дока печонида,  пасон ҷӯшонидан лозим аст.  Аксар нафарон имрӯз ҳангоми  омода намудани ғизо картошкаро дар равған бирён мекунанд, ки дар ин вақт қисми зиёди витамини С нобуд мешавад”, — мегӯяд ғизошинос.

Ба зикри мавсуф, метавон  карамро ба таври васеъ дар ғизои беморон истифода бурд. Албатта, дар баробари ғизо  нӯшидани об тавсия дода мешавад, вале бояд таносуби обу намаки бунияи беморон вайрон нашавад.

Витамини Е барои беморони  COVID-19  ниҳоят муҳим буда, онро метавон аз донагиҳо, ба монанди чормағз, писта ва бодом  ба даст овард. Инчунин витамини Д барои беҳтар шудани саломатии  беморон ё нафароне, ки бемориро паси сар намудаанд, фоидаовар мебошад. Моҳӣ ва зардии тухм  манбаи асосии витамини Д  маҳсуб меёбанд.

“Пеш аз ҳама, бояд истеъмоли хӯрок ба миқдори муайян ва аз рӯи реҷа бошад. Пурхӯрӣ тавсия дода намешавад. Зеро истеъмоли зиёди ғизо боиси дамиш дар диафрагма шуда, ба кори шуш халал ворид месозад”- мегӯяд доктори илмҳои тиб.

Ба зикри профессор, беҳтар аст, ки беморон ба ҷои ин гуна маҳсулот ба истеъмоли меваю сабзавот рӯй оранд. Ҳамчунин дар ғизои онҳо бояд маҳсулоти гӯштӣ, хусусан  гӯшти гов  мавҷуд бошад. Вале он  набояд дорои  чарбуи зиёд бошад. Зеро  чарбу холестерини зиёд дошта, ҳолати беморони  COVID-19 –ро  вазнин мегардонад. Бе ин ҳам зимни беморӣ ҳолати холестерин дар беморон зиёд шуда, лахташавии хун ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ набояд боз холестерини бадро ба бунияи беморон ворид намуд. Дар ин вақт бояд мо кислотаҳои чарбугии носерро, ки манбаи асосии онҳо равғанҳои растаниянд, истифода барем.

Қаблан коршиносони Институти вирусологияи молекулавӣ дар Маркази тиббии Донишгоҳи Улм дар Олмон гуфта буданд, ки онҳо маҳсулоти табииеро пайдо кардаанд, ки метавонанд то 97 дарсади микроорганизмҳои патогенҳои коронавирусро дар бадан  нобуд созанд.  Муҳаққиқон таваҷҷуҳро ба вижагиҳои вирусҳои роҳи нафас ҷалб карданд, ки дар аввал ба ҳалқи инсон сироят мекунанд. Онҳо ба хулосае омаданд, ки афшураи қоти сиёҳ ва анор, инчунин чойи сабз дорои таъсири вируситсидӣ (таъмини ғайрифаъолшавии вирусҳо. – тавзеҳи АМИТ «Ховар») мебошанд.Олимон муайян кардаанд, ки шарбати қоти сиёҳ қодир аст 97 фоиз ва чойи сабзу шарбати анор 80 ​​фоиз фаъолияти сирояти коронавирусро паст кунанд.

 

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Декабрь 2, 2021 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид