Дар 11 моҳ ба Тоҷикистон 1554 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид шудааст
ДУШАНБЕ, 14.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 11 моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1554 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардидааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ доданд.
Аз шумораи техникаи воридгардида 576 адад тракторҳо, 79 адад комбайни ғалладаравӣ, 3 адад ядаки тракторӣ, 80 адад испори тракторӣ, 10 адад мошини алафдаравӣ, 81 адад кулӯхмайдакунак (фреза), 1 адад дости трактории худгарди КСК-100, 48 адад гандумкӯбак, 1 адад култиватор, 79 адад тойбанду тагрезчин, 53 адад мотоблок, 16 адад алафдараваки тракторӣ, 50 адад дорупошак, 32 адад картошкашинонак, 16 адад картошкаканак, 16 адад култиватори картошка, 11 адад пармакунак, 20 адад тухмипошаки пахта, 32 адад алафҷамъкунак, 17 адад тухмипошаки ҷуворимакка, 94 адад алафдараваки дискӣ ва 4 адад алафдараваки КИР-1,5 мебошанд.
Тибқи маълумоти оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолоти кишоварзӣ ба ҳолати 1 декабри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 27462 адад тракторҳои гуногунтамға мавҷуд буда, 77 фоизи он омодаи кор мебошанд. Аз он 1629 адад тракторҳои шудгоркунанда, 1086 адад комбайни ғалладарав, 9182 адад ядакҳои тракторӣ, 10161 адад испорҳои тракторӣ, 3372 адад култиваторҳо, 2240 адад тухмипошакҳо мебошанд.
Инчунин техникаи ёрирасони соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла экскаватор 107 адад, боркунак 120 адад, булдозер 3 адад ва техникаҳои роҳсозӣ 5 адад ворид гардидааст.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон 51 дарсади аҳолӣ ба кишоварзӣ машғул буда, талабот ба техникаи кишоварзӣ зиёд аст.
Имрӯз дар ҷумҳурӣ асосан техникаҳои кишоварзии истеҳсоли Русия ва Беларус истифода мешаванд.
АКС: манбаи боз








Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026–2030» қабул гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии зиддикоррупсионӣ иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон аввалин маҷмааи муосири истеҳсоли шиша бунёд мегардад
Дар ноҳияи Сино низоми «Пардохти ягонаи коммуналӣ» дар марҳилаи пилотӣ ҷорӣ мегардад
Тоҷикистон бо чанд давлати ҷаҳон муносибати савдои хориҷӣ дорад?
Дар Душанбе Форуми рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ баргузор шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF барои Тоҷикистон 2 лоиҳаи нави муҳим ба маблағи 190 миллион доллар тасдиқ гардид
Дар Душанбе ҷараёни корҳои пешакии лоиҳаи сохтмони метро дар пойтахт муҳокима гардид
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамкориро бо Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ густариш медиҳад
Дар Тоҷикистон Маркази ҳамоҳангсозии амнияти киберӣ барои бахши энергетика ва Низоми миллии иттилоотии бахши энергетикаи Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Дурнамои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Соли 2027 Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Ҷопон иштирок мекунад






