Дар Бонки миллӣ Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 29.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати тавзеҳи муқаррароти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳти роҳбарии муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода вохӯрии намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон.
Муовини раиси БМТ Фирдавс Толибзода ҳадафи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро пешгирӣ намудан аз амалҳои коррупсионӣ ва ҳолатҳои суиистифода аз вазифа, роҳ надодан ба қабули қарорҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва амалҳои ба ин монанд муаррифӣ карда, иброз дошт, ки “барнома ва нақшаи чорабиниҳои мазкур маҷмӯи тадбирҳои зиддикоррупсионии Бонки миллии Тоҷикистонро дар бар гирифта, дар онҳо самтҳои асосии фаъолияти Бонки миллӣ дар робита ба муқовимат ба коррупсия дар давраи дарозмуддат ва вазифаҳои воҳидҳои сохтории дахлдори Бонки миллӣ оид ба иҷрои ҳар чорабинӣ, муҳлати иҷро ва мақсадҳои гузошташуда ба таври мушаххас муайян шудаанд».
Зикр шуд, ки дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои муқовимат ба коррупсия дар Бонки миллии Тоҷикистон барои соли 2021 ва ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни кормандон баргузории якчанд вохӯриҳо бо мутахассисони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи таъсири номатлуби коррупсия дар раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва роҳҳои мубориза бо он дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин зимни вохӯрӣ дар хусуси иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муборизаи қатъӣ бо коррупсия, ташаккули тафаккури зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа ва ба ин васила решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб муҳокима сурат гирифт.
АКС аз Бонки миллӣ








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст






