Дар ДДОТ доир ба мавзӯи ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистии дар Тоҷикистон мамнуъ ҳамоиш доир шуд

Декабрь 7, 2021 13:23

ДУШАНБЕ, 07.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 6 декабр дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзӯи «Ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистии дар қаламрави кишвар мамнуъ» ҷаласаи васеъ баргузор гардид, иттилоъ дод сухангӯи ДДОТ  Ҳабибулло Сатторов ба АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласаи мазкур ректори донишгоҳ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ, прокурори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо ва кор бо ҷавонону ноболиғони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Меҳроҷиддин Наботов, муовини ректор оид ба илм Акобир Мирзораҳимов, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷамила Мусоҷонзода, раиси иттифоқи касабаи кормандону омӯзгорон Ҳобилҷон Зикирзода ва дигар масъулини донишгоҳ ширкат намуданд.

Ҳамоиш бо мақсади пешгирӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба хатарзо будани ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистии бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар мамнуъ доир гардид.

Ректори донишгоҳ Нуъмонҷон Ғаффорӣ иброз дошт, ки “раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҳамарӯза миёни донишҷӯёни факултетҳо, инчунин дар хобгоҳҳои донишгоҳ барои  нагаравидани ҷавонону донишҷӯён ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротии дар қаламрави кишвар мамнуъ вохӯрию суҳбатҳо баргузор менамояд, то ба ин восита дар дили ҷавонон меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан, модар ва дигар муқаддасот бедор намояд”.

Прокурори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо ва кор бо ҷавонону ноболиғони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Меҳроҷиддин Наботов дар мавзӯи “Масоили ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистии бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар мамнуъшуда, аз ҷумла, ҳаракати радикалии “Толибон” сухан гуфта, иброз дошт, ки “ҳадафҳои асосие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти масъалаҳои зикршуда ҷонибдор аст, мебояд миёни донишҷӯён таблиғу ташвиқ карда шуда, моҳияти таълимоти ифротиву экстремистии ҳизбу ҳаракатҳои дар қаламрави кишвар мамнуъ ба самъи онҳо расонида шавад, то ҷавонони ноогаҳ ба доми ин гуна ашхоси дорои ҳаракатҳои номатлуб гирифтор нашаванд”.

Дар ҷаласа мавзӯъҳо оид ба фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯи террористӣ, аз ҷумла ҳаракати “Толибон”, ҳаракату ҷараёнҳои тундраву иртиҷоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, масъулин ҷиҳати тавсеаи корҳои фаҳмондадиҳӣ бобати масъалаҳои мазкур вазифадор карда шуданд.

АКСҲО: ДДОТ ба номи С. Айнӣ

Декабрь 7, 2021 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд