Дар Хатлон ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 19,4 млрд сомонӣ баробар гардид

Декабрь 25, 2021 09:49

ДУШАНБЕ, 25.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Хатлон ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 19,4 млрд сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 106,3 фоизро ташкил дод, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

То 1 декабри соли равон дар вилоят 1 млн тонна ғалладонагиҳо, 268,9 ҳазор тонна пахта, 213,8 ҳазор тонна картошка, 1,5 млн тонна сабзавот, 628,9 ҳазор тонна полезӣ, 211,6 ҳазор тонна меваҷот, 107,4 ҳазор тонна ангур ва ба ҳисоби воҳиди хӯрокворӣ 676 ҳазор тонна хӯроки чорво истеҳсол гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, ба истиснои пахта афзоиши нишондиҳандаҳо аз 101 то 129 фоиз таъмин гардид.

Имсол пахтакорони вилоят зиёда аз 269,2 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуда, ба хирмани давлат супориданд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар асоси дастуру супориш ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани вазъи иҷтимоии сокинон ва таъмини онҳо бо қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ дар вилоят зиёда аз 30,5 ҳазор гектар қитъаҳои замин барои оилаҳои эҳтиёҷманд ҷудо гардида, қариб 290 ҳазор нафар соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гардиданд. Аз ин шумора зиёда аз 40 ҳазор нафари онҳоро мутахассисон ва оилаҳои ҷавон ташкил медиҳанд.

Мувофиқи маълумоти фаврии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 56 адад анбор бо иқтидори13650 тонна ва 66 адад сардхона бо иқтидори нигоҳдории 24025тонна маҳсулоти кишоварзӣ барои захираи маводи мавриди ниёзи аввали ғизоӣ мавҷуд аст. Ҳоло 5654 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 1309 тонна пиёз, 1128 тонна сабзӣ, 1217 тонна картошка, 158 тонна себ, 33 тонна нок, 67 тонна анор, 17 тонна ангур, 1629 тонна дигар намуди маҳсулот захира мавҷуд мебошад.

Ғайр аз ин, дар ноҳияи Ҷайҳун дар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон зиёда аз 4000 тонна лимӯ захира карда шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 25, 2021 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад