Дар Конфронси осиёии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар соли 2021 дастовардҳои Тоҷикистон зикр шуданд
ДУШАНБЕ, 16.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода аз 14 то 16 декабр ба таври онлайн дар кори Конфронси осиёии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар соли 2021(ACDR-2021) ширкат намуд. Ҳамраиси ин конфронс Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.
Конфронс аз маросими ифтитоҳ, ҷаласаи сатҳи баланди роҳбарони кумитаҳо ва се ҷаласа иборат буда, масъалаҳои зерин дар он баррасӣ шуданд: коркарди технологияи коҳиши хатари офатҳо, ки ба эҳтиёҷоти маҳаллӣ барои эҷоди ҷомеаи бехатар, амн ва қобили зиндагӣ ҷавобгӯ мебошанд; баланд бардоштани омодагӣ ба офатҳои табиӣ: маълумотнокӣ ва огоҳӣ, баланд бардоштани дастгирии паст кардани хатари офатҳои табиӣ; сармоягузорӣ ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои ҷомеаи устувор.
Дар конфронс ҳамчунин намояндагони Арманистон, Ветнам, Индонезия, Шри-Ланка, Муғулистон, Сингапур, Таиланд, Филиппин, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Ҷопон, якчанд созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ ширкат ва суханронӣ карданд.
Дар маросими ифтитоҳи конфронс Раиси КҲФ, генерал-полковник Рустам Назарзода сухан гуфта, дар бораи дастовардҳои кишвар дар татбиқи Барномаи қолабии Сендай ва Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2019-2030, ҷараёни иҷрои лоиҳаҳо ва барномаҳое, ки ташкилоти байналмилалӣ ва сармоягузорони хориҷӣ маблағгузорӣ мекунанд, ба иштирокчиён маълумот дод
Дар ҷаласаи сатҳи баланд сарвари Кумита дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ изҳори назар намуд. Вай ба иштирокчиёни конфронс аз дастовардҳои кишвари мо дар татбиқи Барномаи қолабии Сендай ва Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030, аз ҷараёни татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳое, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои донор маблағгузорӣ мешаванд, маълумот дод.
Ҳамчунин дар ҷаласа дар сатҳи баланд раиси Кумита оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ маърӯза намуд.
Раиси Кумита зикр кард, ки «бо мақсади ноил шудан ба афзалияти асосии Барномаи қолабии Сендай ва Стратегияи миллӣ дар Тоҷикистон якчанд лоиҳаҳои бузурги байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии хавфи офатҳои табиӣ бомуваффақият амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ оид ба сохтмони бинои нави муосири назорати марказӣ, лоиҳаи Бонки Осиёии Рушд оид ба таҳкими иқтидори хадамоти зидди жола – насби радари нави “Доплер” зидди жола, тавсеаи системаи огоҳсозии бармаҳал ва назорати кӯли Сарез, лоиҳаи САҲА бо дастгирии молиявии Иттиҳодияи Аврупо оид ба сохтмони Маркази миллии омодасозии наҷотдиҳандагон ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ нигаронида шудааст”.
АКСҲО: КҲФ ва МГ








Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид






