Дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 17.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Аъзои Маҷлиси миллӣ дар оғоз қарорҳои дахлдорро оид ба интихоби котибот, тасдиқи рӯзномаи иҷлосия иборат аз 56 масъала қабул ва бо тартиби муқарраргардида ба баррасии онҳо шурӯъ намуданд.
Тибқи рӯзномаи иҷлосияи ҳаштум раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Раҳмон, Қурбон Ҳакимзода, Маҳмадшоҳ Гулзода, Шарифҷон Ҷумъазода ва Фарҳод Раҳимӣ маърӯза карда, нисбат ба қонунҳои баррасишаванда хулосаҳои кумитаҳои дахлдорро иброз карданд.
Дар рафти иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти нақлиётӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» ва як қатор қонунҳои дигарро, ки дорои хусусияти такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, муҳокима ва ҷонибдорӣ карданд.
Зикр кардан лозим аст, ки дар иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5 қонуни мукаммал – қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ», «Дар бораи парандапарварӣ», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ гардиданд.
Дар ҷараёни иҷлосияи имрӯза пас аз баррасии пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Маҷлиси миллӣ ҷиҳати бекор карданидахлнопазирии судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинзода Эраҷ Сифот, барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтани ӯ ризоият доданд.
Инчунин тибқи пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Фотеҳ Ҷумъасудяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хушмаҳмадзода Алифмо судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, Салимзода Юсуф Сафар бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан, аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Темурзода Шамсиддин Сафар бинобар вафоташ ва Ширинзода Эраҷ Сифот бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяҳои Суди Олии иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шуданд.
Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи тасдиқи сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ва басти вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёдгор Файзов» ва «Дар бораи аз мансаби муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Файзов Ё.Д.» баррасӣ ва аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Дар фарҷом Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни баромади худ фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва мақомоти онро дар соли сипаришудаистодаи 2021 натиҷагирӣ карда, вазифаҳои аъзои Маҷлиси миллиро дар соли 2022 муайян намуданд.
Бо ҳамин, иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба кори худ анҷом бахшид.
АКСҲО: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ












Вакилони тоҷик дар конфронси байналмилалӣ оид ҳамкории байнипарламентии кишварҳои ИДМ иштирок намуданд
Ориф Амирзода муовини раиси Шурои коршиносон оид ба экология ва истифодаи табиат дар назди Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ интихоб шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Нумон Куртулмуш мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш дар ҳузури ҳайатҳои парламентҳо мулоқот анҷом доданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш мулоқот намуданд
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Раиси Маҷлиси бузурги миллии Туркия Нуман Куртулмуш бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
15 декабр ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад
Ҷаласаи якуми Комиссия байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин доир гардид
Робитаҳои байнипарламентӣ ва ҳамкории гуногунсамта байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид






