«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Ташаббуси Пешвои миллат чеҳраҳои нави илму маърифатро кашф кард, — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Декабрь 23, 2021 16:44

ДУШАНБЕ, 23.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаригардида матбуоти даврии Тоҷикистон оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершуморе ба нашр расонид, ки шарҳи мухтасари онҳоро манзури хонандагони сомона мегардонем.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон   —  «Ҷумҳурият»  дар шумораи №247 (24 354), душанбе,  20 декабри соли 2021  таҳти унвони «Пешвои миллат. Дар роҳи иҷрои рисолат», «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ. Китоби «Ҷумҳурият» — Китоби сол – 2021»,  «Терроризм ва экстремизм. Ҳабси ифротгарое, ки афв шуд, вале ислоҳ нагардид»,  «Комплекси агросаноатӣ. Қабули қонуне, ки рақобатпазирии иқтисоди миллиро таъмин менамояд»,  «Таҳдидҳои иттилоотӣ. Мавқеъгирӣ алайҳи он чӣ гуна бояд бошад?» маводи таҳлилӣ ба нашр расонидааст. Инчунин   дар ин шумора  мақолаҳои ҷолибу хонданӣ  таҳти унвони  Мурод Муродӣ: «Падидаи нав дар «Ҷумҳурият»-ро бояд омӯхт!», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст».  Ташаббуси Пешвои миллат чеҳраҳои нави илму маърифатро кашф кард», инчунин   Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар хабару гузоришҳои ҷолиб низ чоп шудаанд.

Аз ҷумла,   дар мақолаи  «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст».  Ташаббуси Пешвои миллат чеҳраҳои нави илму маърифатро кашф кард» чунин омадааст: «Дар маҷмуъ, 77 нафар ғолиби озмун гардиданд, ки аз ин миён 21 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, боқӣ донишҷӯён, унвонҷӯён, магистрону докторантон ва нафарони касбу кори гуногун мебошанд.  Ҳайати ҳакамони озмун ба 15 иштирокчӣ ҷойи аввалро лоиқ донистанд. Ба дигарон ҷойҳои дуюм ва сеюм насиб гашт. Ба ғолибон 35 000 сомонӣ ва ба барандагони зинаҳои дуюму сеюм мутаносибан 25 000 ва 20 000 сомонӣ тақдим гардид. Ҳамчунин,  20 омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдонашон дар озмун ҷойҳои   ифтихориро соҳиб шуданд, ба 10 000 сомонӣ мукофотпулӣ қадр гаштанд».

-Дар доираи озмун  21 нафар волидони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо нишони «Маърифатпарвар»  қадр шуданд. Ҳамчунин, бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 40 иштирокчии фаъоли озмун, хусусан пиронсолону ятимон, камбизоатону шахсони имконияташон маҳдуд, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор шуданд,  5000 — сомонигӣ ва бо дастури  Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илм, ба 10 ширкаткунандаи фаъоли озмун 2000- сомонигӣ тақдим гардид.  Ташаббуси Вазорати маориф ва илми кишварро дар мавриди ба ихтисосҳои филологӣ ба таври ройгон дохил шудани  хонандагони синфҳои 11 — иштирокчиёни озмун метавон ҷоизаи беҳтарин барои ҳар яки онҳо ном бурд, -иттилоъ дода шудааст дар маводи мазкур.

Дар шумораи №248 (24 355) сешанбе, 21 декабри соли 2021 рӯзномаи «Ҷумҳурият» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро, ки 21 декабр дар шаҳри Душанбе ироа гардид, пурра интишор намудааст.

«Садои мардум» — нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шумораи №151 (4413), душанбе, 20 декабри соли 2021 дар саҳифаи аввали худ иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, Шӯрои Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нашр намудааст.

Ҳамчунин дар шумораи мазкур хабару мақолаҳои ҷолибу хонданӣ, аз ҷумла: «Заминаи ҳуқуқӣ дар самти ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани мамлакат», «Ҷузъе аз сарнавишт», «Қонунофар, табиб ва роҳбари муваффақ», «Хидмати халқ», «Иштироки вакилон дар конференсияи байналмилалӣ»-ро чоп намудааст. Ҳамчунин хонанда имкон дорад, ки аз ин шумора хабарҳоро оид ба фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутолиа намояд.

«Народная газета» — нашрияи русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №50, (20331), чоршанбе,  22 декабри соли 2021 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва хабару гузоришҳои дигарро аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат  ба нашр расонидааст.

Инчунин матолиби дигари ин шумора «Фалак- это космос!», «Беззаветное служение Родине», «Итого Республиканского конкурса «Мудрости зари сиянье-книга», «Изменение климата и его влияние на водные ресурсы» ва «Официальное завершение года «Душанбе-культурная столица СНГ-2021» мебошанд.

«Минбари халқ» —  нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи №51 (1345), чоршанбе, 22 декабри соли равон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра нашр намудааст.

Инчунин дар ин шумора хабару мавод таҳти унвони «Роғун: ҷамъбасти сол ва нақшаҳои нав», «Неруе, ки истиқлоли давлатиро таҳким мебахшад», «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021», «Ҷашни ялдо, шаби чилла ва соли нави мелодӣ», «Ҳамеша бо мардум», «Заминаи муҳим барои пешрафти иқтисоди миллӣ» ва дигар матолиби хонданӣ рӯи чоп омадаанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар

Декабрь 23, 2021 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор мегарданд
НИГОҲЕ БА САНЪАТИ МУСИҚӢ. Ҳамоиши илмию адабӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон
То ҷашни Наврӯз муассисаҳои фарҳангии таъмирталаби шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навсозӣ мешаванд
Дар Душанбе оид ба назария ва амалияи санъат ва дизайн конференсия доир шуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Волидон ва омӯзгорони ғолибони озмун бо нишони «Аълочии маориф ва илм» ва «Маърифатпарвар» сарфароз гардонида шуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфи соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид
Соли 2025 Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин баргузор мегарданд
Ҳунармандони Беларус дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
«БО ХУНИ ДИЛ». Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоишгоҳи мустанади адабӣ доир шуд
РӮЗҲОИ СИНАМОИ БЕЛАРУС. Филми «Орзуи қаҳрамон» дар бораи яке аз қаҳрамонҳои миллии Беларус қисса намуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд