Хуршед Зиёӣ: Паёми навбатии Сарвари давлат яке аз рамзҳои асосии давлатдории демократию ҳуқуқбунёд аст

Декабрь 27, 2021 09:26

ДУШАНБЕ, 27.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 декабр бахшида ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.  

Тавре аз Маркази тадқиқоти стратегӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш муаррифии китоби  «Нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (аз таърихи 21 декабри соли 2021)», ки ҳамчун маводи ташвиқотӣ ва фаҳмондадеҳӣ аз ҷониби кормандони Марказ таҳия шудааст, баргузор гардид. 

Зимни  ҳамоиш директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ изҳор дошт, ки дар низоми муосири давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии давлат, барномаи мукаммали фаъолияти тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад.

«Ин аст, ки на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми мардуми Тоҷикистон гаштаву баргашта ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рӯй оварда, мазмуну моҳияти онро сармашқи фаъолият қарор медиҳанд. Дар таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ дар ҷамъбасти ҳар сол ва дар остонаи соли нав ба Парлумони мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи мамлакат Паём ироа намудани Роҳбари давлат яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва яке аз рамзҳои асосии давлатдории демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Ироа шудани Паём аз тарафи Сарвари давлати Тоҷикистон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакати мо, дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи тоҷик аст»,-зикр намуд Х.Зиёӣ.

Дар ҳамоиш зикр шуд, ки Паём сухани самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба насли фардо ва садои баланду созандаи давлату халқи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти марҳилавӣ ва барномавӣ дошта, паёми марҳилаи рушди устувори кишвар мебошад. Чунин моҳияти Паёми имсола аз он бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати миллии соҳибистиқлол марҳилаи эҳё ва барқарории давлатдории миллиро ҷамъбаст намуда, ба марҳилаи рушди устувор гузаштааст. Бинобар ин, маҳз баррасии ҳадафу вазифаҳои марҳилаи рушди устувор дар меҳвари Паёми навбатӣ қарор гирифтаанд.

Ба гуфтаи Хуршед Зиёӣ, Паёми навбатии Пешвои миллат ҳамчун санади ҷомеъ ва фарогир таҳлилу баррасии амиқи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва дурнамои рушди устувори кишварро дар ҳамаи самтҳо дар бар мегирад. Таҳлили мазмуни умумии Паём нишон медиҳад, ки дар меҳвари он масъалаҳои таъмини зиндагии сазовор барои шаҳрвандони кишвар ва ғамхории васеъ нисбат ба ҳар қишри ҷомеа қарор доранд. Дар баробари ин, дар Паёми имсолаи Пешвои миллат барои рушди устувори ҳар соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода шудаанд.

«Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, доир ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд»,-изҳор дошт директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Х.Зиёӣ.

Аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии ҷумҳурӣ Паёми имсолаи Пешвои миллатро ба чунин фаслҳо ҷудо намуданд:

— Натиҷаҳои бадастомада дар рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сӣ соли Истиқлоли давлатӣ;

— Нақшаҳои бунёдӣ барои давраҳои минбаъда;

— Натиҷаҳои асосии рушди иқтисодию молиявӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ дар соли 2021;

— Дастовард ва мушкилоти соҳаҳои асосии иқтисодӣ (саноат, энергетика, нақлиёт ва роҳҳо, сохтмон, кишоварзӣ);

— Дастовард ва мушкилоти соҳаҳои иҷтимоӣ (маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, масъалаҳои бонувону занон, масъалаҳои ҷавонон ва варзиш);

— Қонуният ва ҳифзи тартибот;

— Сиёсати хориҷӣ;

— Нуктаҳои хотимавӣ.

Паёми навбатӣ бори дигар дидгоҳи мардумсолор ва сиёсати халқпарвару инсонмеҳвари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба ифода ва инъикос менамояд.

Дар фарҷом директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ изҳори боварӣ намуд, ки ҳайати кормандони ин ниҳоди муҳими давлатӣ минбаъд низ барои татбиқи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ва Паёми навбатиашон талош варзида, бо таҳияи маводи таҳлилӣ ва таклифу пешниҳодҳои муфиду арзишманд дар пешрафти Тоҷикистон саҳм мегузоранд.

 

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: МТС

Декабрь 27, 2021 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи густариши ҳамкории судӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Барои пешгирии заҳролудшавӣ аз дуди ангишт қоидаҳои муҳими истифодаи онро бояд риоя намуд
Доктор Ҳала бинти Мазид Ат-Тувайҷирӣ: «Дар «Стратегияи дурнамои рушди Арабистони Саудӣ то соли 2030» ҳифзи ҳуқуқи инсон ҷойгоҳи хос дорад»
Тавсеи ҳамкорӣ байни мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳуқуқи инсони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон такягоҳи адолат ва пояи устувори қонун аст
Пешвои миллат: «Фалсафаи ҷашни Меҳргон инсонҳоро ба адолатхоҳӣ, баробарӣ ва меҳрубонӣ ҳидоят мекунад»
Дар Душанбе Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун доир мешавад
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Давҳа бо роҳбари ширкати қатарии «Jusour» мулоқот намуд
Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо шуъбаи ҷарроҳии бариатрикӣ ва герниологӣ пас аз таъмиру азнавсозӣ ба истифода дода шуд
Ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ тақвият меёбад
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси шашуми вазирони меҳнати кишварҳои аъзои СҲИ иштирок намуд
КУМАКҲОИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ. Ба қишри осебпазири Тоҷикистон беш аз 917 миллион сомонӣ кумак расонида шуд