Хуршед Зиёӣ ва Давид Бишоп оид ба масъалаҳои сиёсию амниятии минтақа ва ҷаҳон суҳбат намуданд
ДУШАНБЕ, 16.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ бо масъули бахши сиёсии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Давид Бишоп мулоқот намуда, робитаҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА-ро мусбат арзёбӣ карда, иброз доштанд, ки рушди минбаъдаи онҳо ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳарду ҷониб мебошад, хабар доданд аз Маркази тадқиқоти стратегӣ ба АМИТ «Ховар».
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ дар бораи масъалаҳои сиёсию амниятии минтақа ва ҷаҳон сухан ронда, моҳияти сиёсати хориҷии «дарҳои боз»-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дод ва зикр кард, ки Тоҷикистон узви фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ буда, ҷонибдори ҳалли мусолиматомези тамоми масъалаҳои баҳсноки минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон мебошад.
Зимни мулоқот мусоҳибон масоили мубрами сиёсию амнияти минтақавию ҷаҳонро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд.
Масъули бахши сиёсии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Давид Бишоп барои пазироӣ ва мулоқоти самимона изҳори сипос намуда, ба рушди робитаҳои дӯстонаю ҳамкории ИМА ва Тоҷикистон баҳои баланд дода, таҳкиму густариши онҳоро таъкид ва таъйид кард.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҷавобгӯй ба сатҳи баланди муносибатҳои ду кишвар анҷом ёфт.
АКС: МТС








ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд






