ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВОЛОНТЁРОН. Ризокорон ба одамон кумак расонида, мехоҳанд ҷомеаро ба пеш баранд

Декабрь 5, 2021 08:16

ДУШАНБЕ, 05.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз соли  1985  бо пешниҳоди Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 5 декабр ҳамасола дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии волонтёрон таҷлил карда мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  узви Созмони Милали Муттаҳид аст, дар ин самт аз тарафи давлату ҳукумат тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ин аст, ки соли  2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» қабул гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2014 Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти волонтёрӣ муайян гардид.

Волонтёр  калимаи франсавӣ буда, маънои  он мададгори ихтиёрӣ,  шахсе мебошад, ки ба манфиати Ватан ва мардум ройгон кӯмак мерасонад. Тавассути пайваст шудан ба фаъолияти волонтёрӣ касбияти волонтёр аз лиҳози инсонӣ, ватандӯстӣ, худогоҳӣ, хештаншиносӣ ва аз ҳама муҳим, эҳтиром ба калонсолон зиёд мегардад. Вақте ки шахс ба фаъолияти волонтёрӣ мепайвандад, пеш аз ҳама, дар замираш дарки масъулият пайдо мешавад. Ин гуна шахсон мехоҳанд ба одамон кумак расонида, ҷомеаро ба пеш баранд ва  худро узви фаъоли  ҷомеа эҳсос кунанд.

Тавре муовини раиси  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода иброз дошт,  тақвияти фаъолияти волонтёриро ба хотири иттиҳоду ҳамбастагии ҷавонон ҷиҳати анҷом додани амалҳои хайрхоҳона, корҳои тозагиву созандагӣ, кумак ба шахсони ниёзманду пиронсол дар шароити имрӯза афзал шуморида, ин тадбирҳоро  барои худи волонтёрон мактаби муҳими худташаккулёбӣ ҳисобиданд.

«Таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳи он аст, ки накӯкорӣ ва анҷоми амалҳои хайр ҷиҳати тарбияи шаҳрвандон дар рўҳияи меҳнатдўстӣ, эҳтироми якдигарӣ, масъулиятшиносӣ, поквиҷдонӣ ва муттаҳидӣ заминаҳои мусоид фароҳам меоранд. Ҳадафи асосии фаъолияти волонтёрӣ иҷрои корҳои хайриявӣ, бардошти таҷрибаи иҷтимоӣ барои шаҳрвандон, тавсеаи рушди шахсият, омўхтани таҷрибаи кор аз рўи ихтисоси интихобнамуда ва имкони шинохти худ дар ҷомеа мебошад. Фаъолияти волонтёрӣ -ин майдони оғози рушди касбии ҷавонон аст, ки робитаи ҷамъиятиашонро тавсеа медиҳад. Агар ба таърихи пурғановати халқамон назар афканем, дар он низ ризокориро зиёд мувоҷеҳ мегардем. Дар гузашта миёни мардуми мо шаклҳои ҳаракати волонтёрӣ, ба мисли ҳашар вуҷуд доштанд. Кумак расонидан ва иҷрои корҳои ҷамъиятӣ аз қадим ба нафъи мардум буд, ки тавассути ин фаъолиятҳо бо ҳашар хона месохтанд, пулҳо бунёд менамуданд, дасти ҳамдигар мегирифтанд ва дигар мушкилоти худро бартараф мекарданд»,- афзуд Дилноза Аҳмадзода.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, Пешвои муаззами миллат зимни мулоқоташон бо ҷавонони мамлакат, ки дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ — 21 майи соли равон дар толори барҳавои «Кохи Борбад» доир гардид, ба тақвият ва рушди фаъолияти волонтёрӣ  таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, вобаста ба таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани  «Барномаи рушди фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025» дастур доданд. Таҳияи барномаи мазкур бениҳоят муҳим ва саривақтӣ буда, барои муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти волонтёрӣ, роҳҳои рушд ва ҷалби бештари ҷавонон ба ин фаъолият баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани ватани азизамон, дастгирӣ ва кумак ба камбизоатону пиронсолон, ашхоси ниёзманд ва дигар корҳои хайри ҷамъиятӣ заминаи қавӣ мегузорад.

Ба андешаи волонтёри фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» Манижа Солеҳова,  волонтёр  шахсе мебошад, ки ихтиёран ва бо интихоби озод вақт, кор ва малакаи худро бемузд ва ё ҷуброни хароҷот бевосита ва ё ба воситаи ташкилотҳои ҷалбкунанда ба манфиати ҷомеа пешниҳод менамояд.

«Фаъолияти волонтёрӣ самт ва ҷанбаҳои зиёдро фаро гирифта, то имрӯз мутахассисони ҷавонро барои соҳаҳои гуногун омода намудааст. Дар ин росто ба онҳо хислатҳои неки инсонӣ, ба мисли инсондӯстӣ, якдигарфаҳмӣ, дастгирии ҳамдигар, меҳру шафқат нисбати якдигар, ростию накукорӣ ва ғайраро омӯзонидааст»,- мегӯяд Манижа.

-Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки сафи мо — волонтёрон рӯз то рӯз дар ҳоли афзоиш аст ва ин  аз он шаҳодат медиҳад, ки кори мо, амали мо неку омӯхтанист. То ҳастам, дар кадом соҳае, дар кадом синне бошам, ҳамеша волонтёр ҳастам ва хоҳам буд. Чун андешаи ман ин аст, ки рисолати ҳар инсон,  пеш аз ҳама ба мардум некхоҳ будану ба онҳо ҳамвора дасти кумак дароз кардан аст. Волонтёр будан ифтихор аст. Бояд гуям, ки муваффақ буданам дар зиндагӣ ин худ аз волонтёрии ман аст, -афзуд   ӯ.

Волонтёри фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» Манижа Солеҳова ҳамчунин изҳор дошт «ҷавононе, ки имрӯз фаъолияти волонтёрӣ доранд, метавонанд худро дар дилхоҳ самт санҷишу озмоиш намоянд. Маҳз волонтёрӣ дар ҳамаи самту соҳаҳо имкони бардошти таҷриба гаштааст. Фаъолияти волонтёрӣ барои ҷавонони зиёд баҳри такмилу ташаккул имконоти мусоидро фароҳам овард. Волонтёрон дар баробари хизмати содиқона ба ҷомеа,  бо ҳунару  дониши намунавии худ Тоҷикистонро дар миқёси ҷаҳон муаррифӣ менамоянд».

Ёдовар мешавем, ки  дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 баргузор гардид,  10 ҳазор нафар волонтёрон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат барои расонидани хизмат дар маъракаи муҳими сиёсӣ  ҷалб карда шудаанд ва аз ин теъдод танҳо 250 нафар волонтёроне, ки донандаи хуби забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буданд, барои мушоҳидони байналмилалӣ  ҳамчун роҳбалад хизмат намуданд.

Хотиррасон мешавем, ки  дар  давраи пандемияи covid -19   низ волотёрон вобаста ба пешгирӣ ва  мубориза бар зидди бемории коронавирус саҳми арзанда гузоштанд. Соли 2020 бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» бо мақсади  анҷом додани хизматрасониҳои машваратӣ вобаста ба пешгирӣ ва  мубориза бар зидди бемории коронавирус дар Тоҷикистон  Маркази машваратию  хизматрасонии  волонтёрон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID–19  таъсис дода шуд. Маркази хизматрасонии волонтёрон бо мақсади расонидани хизматрасонии иҷтимоӣ барои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, расонидани маълумоти саривақтӣ ва бо маълумоти пешгирикунанда  таъмин намудани сокинони мамлакат 24 соат ба таври шабонарӯзӣ фаъолият  намуданд.

Дар маркази мазкур телефонҳои боварӣ шабонарӯзӣ фаъолият намуда, волонтёрони ташкилот, ки аз ҳисоби  донишҷӯёни муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ ҷамъ омада буданд, ба саволҳои   шаҳрвандон посух дода,  инчунин ба маъюбон, шахсони барҷомондаву ниёзманд хизматрасониҳои иҷтимоиро ба таври ройгон ба сомон мерасонданд.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз манбаъҳои боз

Декабрь 5, 2021 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент