Имсол дар Хатлон дар майдони зиёда аз 7 ҳазор гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд

Декабрь 6, 2021 09:43

ДУШАНБЕ, 06.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон имсол  тибқи дурнамо дар майдони зиёда аз 7 ҳазор гектар картошкаи барвақтӣ кишт карда мешавад. Дар ин бора 4 декабр зимни баргузории  машварати вилоятӣ оид ба буришу башаклдарории дарахтони мевадиҳанда ва хусусияти хоси парвариши картошкаи барвақтӣ дар ноҳияи Ёвон хабар доданд. Дар кори машварат кишоварзон, олимону хоҷагидорон ва боғпарварони ноҳияҳои Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ёвон ширкат намуда, аз олимони соҳаи кишоварзӣ маслиҳату машваратҳои судманд гирифтанд, иттилоъ доданд  ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Муовини аввали раиси вилоят Амонулло Салимзода зикр намуд, ки «боғдорӣ ва картошкапарварӣ яке аз бахшҳои муҳимтарин ва сердаромадноки соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, солҳои охир таваҷҷуҳ ба ин самт бештар равона карда мешавад. Дар вилояти Хатлон майдони боғҳои мевадиҳанда ва кишти картошка сол то сол зиёд мегардад. Имрӯзҳо кишоварзон бояд ҳар ваҷаб замини корами обиро пурсамар истифода карда, заҳбуру заҳкашҳои ҳудуди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар заминҳои пахтазорро сари вақт тоза карда, ба кишти баҳорӣ омодагӣ гиранд».

Зикр шуд, ки чунин машваратҳои кишоварзӣ бо иштироки олимони соҳа, кишоварзону боғпарварон бояд бештар гузаронида шаванд, то деҳқонон роҳҳои фаровонҳосилиро омӯзанд.

Тибқи тавсияи олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, буриш ва башаклдарории дарахтони мевадиҳанда вақту мавсими муайяни  худро дошта, ҳангоми иҷро кардани ин амал бояд онро дуруст анҷом дод ва баъди буриши дарахтон ҳатман ба онҳо доруҳои пешгирикунанда аз ҳар гуна ҳашароти зараррасонро пошидан зарур аст.

АКС: шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Декабрь 6, 2021 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд