Имсол дар Хатлон дар майдони зиёда аз 7 ҳазор гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
ДУШАНБЕ, 06.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон имсол тибқи дурнамо дар майдони зиёда аз 7 ҳазор гектар картошкаи барвақтӣ кишт карда мешавад. Дар ин бора 4 декабр зимни баргузории машварати вилоятӣ оид ба буришу башаклдарории дарахтони мевадиҳанда ва хусусияти хоси парвариши картошкаи барвақтӣ дар ноҳияи Ёвон хабар доданд. Дар кори машварат кишоварзон, олимону хоҷагидорон ва боғпарварони ноҳияҳои Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ёвон ширкат намуда, аз олимони соҳаи кишоварзӣ маслиҳату машваратҳои судманд гирифтанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.
Муовини аввали раиси вилоят Амонулло Салимзода зикр намуд, ки «боғдорӣ ва картошкапарварӣ яке аз бахшҳои муҳимтарин ва сердаромадноки соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, солҳои охир таваҷҷуҳ ба ин самт бештар равона карда мешавад. Дар вилояти Хатлон майдони боғҳои мевадиҳанда ва кишти картошка сол то сол зиёд мегардад. Имрӯзҳо кишоварзон бояд ҳар ваҷаб замини корами обиро пурсамар истифода карда, заҳбуру заҳкашҳои ҳудуди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар заминҳои пахтазорро сари вақт тоза карда, ба кишти баҳорӣ омодагӣ гиранд».
Зикр шуд, ки чунин машваратҳои кишоварзӣ бо иштироки олимони соҳа, кишоварзону боғпарварон бояд бештар гузаронида шаванд, то деҳқонон роҳҳои фаровонҳосилиро омӯзанд.
Тибқи тавсияи олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, буриш ва башаклдарории дарахтони мевадиҳанда вақту мавсими муайяни худро дошта, ҳангоми иҷро кардани ин амал бояд онро дуруст анҷом дод ва баъди буриши дарахтон ҳатман ба онҳо доруҳои пешгирикунанда аз ҳар гуна ҳашароти зараррасонро пошидан зарур аст.
АКС: шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон








РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони корхонаи истеҳсоли оҳаксанг ва хокаи оҳак идома дорад
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хоҷамастон» дар як рӯз то 700 дона хишт истеҳсол менамояд
Дар Суғд неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт сохта мешавад
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ омили муҳими пешрафти китобхонаҳо аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бозорҳоро бо маҳсулоти босифат таъмин мекунанд
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ идома дорад
Нигина Анварӣ: «Баргузории Конфронси ФАО дар Душанбе бозгӯи эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон ва саҳми фаъолонаи он дар рушди устувори кишоварзӣ аст»
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо фаъолияти дидбонгоҳи наздисарҳадии «Дӯстӣ» шинос шуданд
Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд
Дар Душанбе Ҷаласаи 11-уми минтақавии Шабакаи Осиёи Марказӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ баргузор гардид
«TELECOM AWARDS TAJIKISTAN – 2025». Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Ҷоизаи миллии соҳаи алоқа доир шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав шинос шуд






