Ҳиндустон ба Тоҷикистон кумаки грантӣ мерасонад

Декабрь 17, 2021 15:02

ДУШАНБЕ, 17.12.2021 /АМИТ«Ховар»/. Тоҷикистон ва Ҳиндустон барои амалишавии  лоиҳаҳо дар заминаи рушди иҷтимоӣ ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд. Созишномаи миёни ду кишвар ба маблағи 1,5 миллион доллар ҷудо гардидани грантҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҳиндустонро барои татбиқи  лоиҳаҳои хеле самараноки рушди ҷомеа пешбинӣ мекунад.

Ба ҳуҷҷат Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҳиндустон дар Душанбе Вираҷ Сингх имзо карданд (ДАР АКС).

Бар асоси созишнома, Вазорати молияи Тоҷикистон лоиҳаҳоеро барои иҷро пешниҳод мекунад, ки арзиши онҳо аз 16,94 миллион сомонӣ (ҳудуди 1,5 миллион доллар) зиёд нест.

Лоиҳаҳо ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, тавсеаи ҳуқуқу имконоти занон ва ҳифзи кӯдакон нигаронида шудаанд.

Алалхусус, дар самтҳои таълим, тандурустӣ, омодасозии касбӣ, кишоварзӣ ва агросаноатӣ, обёрӣ, энергияҳои барқароршаванда, бахшҳои энергетика, савдо, нақлиёт ва алоқа инфрасохторҳо бунёд мешаванд.

Дар доираи мулоқот тарафҳо  инчунин як лоиҳаи дигари Ҳиндустонро баррасӣ намуданд, ки тибқи он Ҳиндустон аз маҳаллаи Чортут то гардиши Айнӣ дар Душанбе шоҳроҳи 8-хатта бунёд мекунад. Арзиши тахминии лоиҳа 17,54 миллион доллари маблағҳои грантиро ташкил медиҳад. Ҳоло ҳудуди 35 дарсади корҳо ба анҷом расида, 65 фоизи боқимонда бояд то моҳи октябри соли 2022 ба анҷом расанд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли ҷорӣ мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон Субраманям Ҷайшанкар доир гардид, ки барои ширкат дар конфронси 9-уми «Қалби Осиё — раванди Истанбул» дар Душанбе қарор дошт.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар дода буд, ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустонро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар самтҳо баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо дар мавриди афзоиши фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ миёни кишварҳо, ҳамчунин таҳияи тарҳҳои тиҷоратӣ ва истеҳсолӣ ба мувофиқа расиданд. Аз ҷумла, дурнамои ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва тиб низ баррасӣ гардид.

АКС: Вазорати молияи ҶТ

Декабрь 17, 2021 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд