IRS: Тарифҳои гузариш аз плазаҳои толлингии роҳи автомобилгарди «Душанбе-Чаноқ» тағйир меёбанд

Декабрь 23, 2021 08:45

ДУШАНБЕ, 23.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастрасӣ ба  сархати 16 қисми 1 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», банди 6 «Низомнома оид ба тартиби танзими нарх (тариф) ба маҳсулот ва молҳои тайёркарда, хизматрасонии анҷомдодаи субъектҳои хоҷагидор — доминантҳо ва инҳисорон» ва дар асоси банди 12 Низомномаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Фармоиши сардори Хадамоти зиддиинҳисории  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарифҳои тағйирёфтаи гузариш аз плазаҳои толлингии роҳи автомобилгарди «Душанбе-Чаноқ», ки аз ҷониби Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешаванд, ба мувофиқа расида, аз 1 январи соли 2022 мавриди истифода қарор мегиранд. Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Лозим ба ёдоварист, ки филиали ширкат фаъолияти худро вобаста ба нигоҳдории роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ, ки мувофиқи қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №369 аз 1 августи 2008 яке аз объектҳои махсусан муҳим эътироф гардидааст, дар асоси Шартномаи консессионии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» ба имзорасида, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2009 №33-1 маъқул дониста, бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2009, №1288 1-14с тасдиқ шудааст, дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ намудааст.

Ёдрас шудан бамаврид аст, ки то ин вақт сарфи назар аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ, болоравии сатҳи таваррум, бениҳоят зиёд шудани хароҷот барои нигоҳдории роҳ  ва амалӣ гардидани як силсила корҳо, аз ҷумла, бунёди плазаҳои нав, харидории техникаҳои пуриқтидор, бунёди корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таъмири куллӣ ва ҷории  садҳо  километр роҳ, роҳбарияти филиали Ширкат ягон маротиба тарофаҳо боло набурда буд.

Мувофиқи Шартномаи консессионии мазкур, филиали ширкат баҳри ҷуброн намудани маблағе, ки барои нигоҳдорӣ ва таъмири роҳи мавриди назар  харҷ мешавад, бояд барои гузариши воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз роҳи мазкур, тарифҳоро муқаррар намояд. Илова бар ин, бо назардошти сатҳи таваррум ҳар сол ин тарифҳоро таҷдиди назар карда, маълумотро доир ба онҳо, барои мувофиқа ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Тарифҳои муқарраршуда бояд хароҷоти тиҷоратии марбут ба нигоҳдории роҳи зикршуда дар асоси низоми толлингӣ, инчунин, нигаҳдошт ва истифодаи самараноки тамоми объектҳои роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқро ҳангоми татбиқи муқаррароти Консессия ҷуброн намояд.

Мутобиқи қисми 7 моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» аз 25 июни соли 2021, № 1794, тарифҳои гузариши воситаҳои нақлиёт тавассути роҳи автомобилгарди ба консессия супоридашуда аз ҷониби консессиядор, дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатии зиддиинҳисорӣ муқаррар мешаванд.

Сабаб таҷдиди назар шудани тарифҳо, ин пайомади буҳрони ҷаҳонии молиявии солҳои охир мебошад, ки дар баробари дигар субъектҳо, ба фаъолияти филиали ширкат низ таъсири манфӣ расонида истодааст.

Сабаби дигаре, ки хароҷоти филиали ширкатро зиёд намуда истодааст, ин ба итмом расидани муҳлати истифодаи ҷузъҳо ва элементҳои роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ мебошад. Онҳо пай дар пай корношоям шуда, аксарият дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд.  “IRS” ҷиҳати таъмини иҷрои уҳдадориҳои худ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳолии мамлакат баҳри сари вақт таъмир намудани қисмҳо ва элементҳои корношоямшудаи роҳ ва амалӣ намудани дигар корҳои марбут ба нигоҳдории роҳ, маблағи зиёд сарф намуда истодааст.

Далели возеҳи ин гуфта аз сари нав сохтани  пули воқеъ дар километри 267+300-и роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ мебошад. Инчунин, ҳар сол аз ҷониби филиали ширкат масофаи зиёди роҳи автомобилгард, ки дар натиҷаи таъсири офатҳои табиӣ (аз қабили фаромадани тарма, лағжиши кӯҳпора, омадани селу ярч ва сангфароӣ) осеб дидаанд, бо харҷи маблағи зиёд , таъмир мегарданд.

Қобили зикр аст, ки айни ҳол филиали ширкат зиёда аз 800 шаҳрванди  ҷумҳуриро бо ҷои кор таъмин намудааст. Вале бо сабаби тағйир наёфтани тарифҳо, филиали ширкат имконияти зиёд намудани музди маоши кормандони худро пайдо накарда, бо дигар ташкилотҳо, дар бозори меҳнат, рақобат карда наметавонад. Ҳарчанд  сатҳи таварум дар давоми 11 соли охир 130 фоизро ташкил дода бошад ҳам, филиали ширкат тарифҳои дар таҳрири нав мувофиқашударо  бидуни ин нишондод, бо дарназардошти вазъи иҷтимоии аҳолии мамлакат ва  бо мақсади пешгирии афзоиши сарбории иҷтимоӣ, таҳия намудааст.

 АКС: Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар ҶТ

Декабрь 23, 2021 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Нахустин Форум ва намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ — Тоҷикистон-2026 баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 110 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» корхонаи истеҳсоли дучарха ва сечархаҳои барқӣ сохта мешавад
Душанбе мизбони ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз мегардад
Ҷаласаи 21-уми Гурӯҳи кории Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) оид ба савдо доир шуд
Нақшаи рушди низоми энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муаррифӣ гардид
Хоҷагидорони ноҳияи Вахш аз як замин чанд ҳосил ба даст меоранд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ. 37 нуқтаи назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон фаъолият доранд
Дар Агентии обуҳавошиносӣ риояи Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият дар доираи Созишномаи Парижро баррасӣ карданд
Масъалаи таъсиси корхонаи коркарди пашм ва бунёди боғи пистаи туркӣ дар вилояти Хатлон баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти бехатарии озуқаворӣ ҳамоиш баргузор шуд
Байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкатҳои «Канзи Диёр», «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» созишномаҳои сармоягузорӣ ба имзо расид