Криста Пикат нақши Тоҷикистонро дар пешбурди масъалаҳои экологии фаромарзӣ муҳим шуморид

Декабрь 6, 2021 09:33

ДУШАНБЕ,06.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи омодасозии пешниҳоди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Тоҷикистон  барои шомил шудан ба феҳристи мероси ҷаҳонии табиӣ ва шабакаи ҷаҳонии мамнӯъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО дар мулоқоти  раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо мудири минтақавии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар Алмаато хонум Криста Пикат дар Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ доданд аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар».

Мусоҳибон дар идомаи мулоқот ҳамзамон масъалаҳои марбут ба ширкат ва ҷонибдории ЮНЕСКО дар таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва эълон шудани соли 2025-ро Соли ҳифзи пиряхҳо баррасӣ намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ хонум Криста Пикат нақши Тоҷикистонро дар минтақа ва дар пешбурди масъалаҳои экологии фаромарзӣ  муҳим арзёбӣ намуд.

         АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Декабрь 6, 2021 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд