Куҳансолтарин ходими сиёсии Тоҷикистон Низорамо Зарипова: «Дилпурем, ки давлату Ҳукумати мамлакат пушту паноҳи мост»
ДУШАНБЕ, 30.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Чун анъана дар арафаи Соли нави мелодӣ кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат ва ходимони сиёсӣ рафта, онҳоро бо фарорасии соли 2022 табрик намуданд. Аз ҷумла, муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Наргис Шарифзода ба хонаи куҳансолтарин ходими сиёсӣ Низорамо Зарипова ва генералбонуи сиёсатмадор Раъно Каримова рафта, ба онҳо табрикоти солинавии роҳбарияти шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомониро расонид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар пайравӣ ба ҳидоятҳои инсонпарваронаи Пешвоои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ кормандони масъули ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дигар ноҳияҳои пойтахт дар арафаи тамоми ҷашну идҳо ба аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат ва ходимони сиёсии ноҳия рафта, бо вазъи зиндагии онҳо шинос шуда, барояшон кумакҳои моддию маънавӣ мерасонанд.
Низорамо Зарипова ва Раъно Каримова аз чунин ғамхории давлату Хукумат, бахусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нисбат ба насли калонсол, нафарони хизматнишондода ва шахсони ниёзманд изҳори хушнудӣ ва сипос намуданд.
«Барои мо кумаки молию пулӣ муҳим нест. Мо аз он шодем, ки хизматҳои моро фаромӯшамон накардаанд ва аз ин қадрдонӣ сарфароз гашта, дилпурем, ки давлату Хукумати мамлакат пушту паноҳи мо мебошад», — гуфтанд онҳо.
Ёдовар мешавем, ки дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои инсондӯстона ва хайрхоҳонаи Пешвои миллат чун анъана аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рӯзҳои охири соли 2021 ва фарорасии соли нави мелодии 2022 ба зиёда аз 11 ҳазор нафар, аз ҷумлаи ятимони кулл, маъюбон, шахсони яккаву танҳо, дардмандону бепарасторон, оилаҳои ниёзманд ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои пойтахти мамлакат кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳои идона тақдим карда шуданд,
АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ










Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд
ОГОҲӢ. То 14 феврал дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» се маротиба тағйиру илова ворид карда шуд






