Маҳаллаи навбунёди Абдураҳмони Ҷомии шаҳри Кӯлоб бо инфрасохтори зарурӣ таъмин мешавад

Декабрь 16, 2021 09:45

ДУШАНБЕ, 16.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми соҳибкорон қисмати зиёди роҳҳои ҳудуди шаҳри Кӯлоб пурра навсозӣ карда шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб. 

Масофаи умумии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Кӯлоб беш аз 223 км, аз ҷумла 18 км роҳи байналмилалӣ, 26,1 км роҳи аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва қариб 180 км роҳи дорои аҳамияти маҳаллиро ташкил медиҳад.

Дар идомаи чунин корҳои созандагӣ ва татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими вазъи инфрасохтори деҳот барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаи навбунёди ба номи Абдураҳмони Ҷомии  шаҳри Кӯлоб  навсозии роҳи маҳаллӣ оғоз гардид.

Дар асоси муроҷиати сокинон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ин маҳали навбунёди шаҳр дар баробари роҳ мушкилоти норасоии  оби нӯшокӣ низ бартараф карда шуд. Маҳаллаи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ дар қисмати болоии шаҳри Кӯлоб дар мавзеи кӯҳдоман ҷойгир аст. Ба ин хотир роҳи қаблӣ бо гузаронидани корҳои заминӣ аз нав ҳамвор ва барои бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт паҳноии он васеъ ва дар баъзе қисматҳо сатҳи роҳ ба маротиб паст карда мешавад. Дар ин маҳаллаи навбунёд айни замон бо сабаби мушкилоти роҳ ва норасоии об беш  аз 50 оила ба сар мебаранд.

Баъди сохтани роҳ ин маҳалла низ обод ва барои сокинон шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам оварда мешавад. Тибқи нақшаи чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ гаштани барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр бояд марҳила ба марҳила дар чунин маҳаллаҳои навбунёд инфрасохтори зарурӣ  таъмин ва ҳар гӯшаи шаҳр ободу зебо карда шавад.

АКСҲО: МИҲД шаҳри Кӯлоб

Декабрь 16, 2021 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд