Маъракаи эмгузаронӣ бар зидди КОВИД-19-ро вусъат бахшем, — бардошт аз мулоқоти кормандони тандурустӣ дар Турсунзода

Декабрь 30, 2021 11:58

ДУШАНБЕ, 30.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии КОВИД–19 баҳри таъмини иштироки фаъолонаи сокинони шаҳр дар маъракаи эмгузаронӣ  ва фаҳмонидани моҳияти иммунизатсия миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро  вусъат бахшидан зарур аст. Дар ин бора зимни вохӯрии раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳр, ки 29 декабр  доир гардид, гуфта шуд.

Тавре аз  мақомот иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода  аз кормандони соҳаи тандурустии шаҳр даъват ба амал овард, ки баҳри дар сатҳи баланд  иҷро намудани  дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни ироаи паём ба Маҷлиси Олии мамлакат баён гардиданд,  саъю талош намуда,  дар  рушди соҳа ва таъмини хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ саҳми босазо гузоранд.

Раиси шаҳр иброз дошт, ки соҳаи тандурӯстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳти таваҷҷуҳи доими Ҳукумати кишвар қарор дошта, ҷиҳати рушди соҳа ва таъмини хизматрасонии босифати тиббӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ маблағгузории соҳа сол то сол афзун гардида, дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар соҳаи тандурустии шаҳри Турсунзода низ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, нақлиёти санитарӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ таъмин гардид, ки ба рушди соҳа  мусоидат намуд.

Дар ин замина таъкид шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ муассисаҳои соҳа,  аз ҷумла, шуъбаҳои беморхонаи марказӣ, беморхонаи №2, муассисаҳои шабакаи КАТС таъмиру навсозӣ карда шаванд.

Дар индома раиси шаҳр ба кормандони соҳа  барои  иштироки фаъолона  дар раванди корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ миннатдорӣ намуд.

АКСҲО аз мақомот иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Декабрь 30, 2021 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: сироятёбӣ аз COVID-19 дар ҷаҳон 4 фоиз афзоиш ёфт
Чин санҷишҳои COVID-19-ро пеш аз ворид шудан ба давлат бекор менамояд
Дар Испания беш аз 120 ҳолати сирояти шакли нави коронавирус ошкор гардид
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ: ҳолатҳои нави сирояти COVID — 19 дар ҷаҳон дар як моҳи охир 80% афзоиш ёфтааст
Дар Ҳиндустон штамми нави коронавирус ошкор гардид
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз 7% афзудани бемории COVID-19 дар ҷаҳон дар 28 рӯз хабар дод
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи коҳиш ёфтани ҳолатҳои фавт бар асари COVID-19 дар саросари ҷаҳон хабар дод
Хоби солим сеяки хатари аломати баъдиковидиро коҳиш медиҳад
СУТ тамоми ҷаҳонро даъват намуд, ки ба пандемияи марговар, ки аз COVID-19 ҳам даҳшатноктар аст, омода шаванд
COVID-19. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз анҷом ёфтани пандемияи коронавирус хабар дод
Роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ изҳори боварӣ намуд, ки пандемияи COVID-19 соли 2023 ниҳоят ба анҷом мерасад
Ба Тоҷикистон соли 2022 зиёда аз 10 миллион воя ваксина ворид карда шуд