Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ғизо» баъди таъмири пурра ба истифода дода шуд

Декабрь 16, 2021 13:32

ДУШАНБЕ, 16.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ғизо ва пешгирии бемориҳои вобаста ба он Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ғизо»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд, махсусан Барномаи тандурустии ҷамъиятии ҳамкории байналмилалии Олмон аз таъмири куллӣ  бароварда шуда, ба истифода дода шуд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар маросими ба истифода додани маркази мазкур, ки дар «Маркази миллии ташхису табобат ва таълимӣ» ҷойгир мебошад, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, намояндагони якчанд  вазорату идора ва кумитаҳо, шарикони рушд,  роҳбарият ва кормандони муассисаи мазкур иштирок намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, марказ аз ҳуҷраҳои корӣ, таълимӣ ва озмоишгоҳ иборат мебошад, ки дар онҳо тамоми шароит ва имконоти мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст.

Соли равон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул гардидани 2 ҳуҷҷати муҳими стратегӣ вабаста ба ғизо- «Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии вазъи ғизои аҳолӣ барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи пешгирии норасоии микронутриенҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи мазкур таҳти таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти олии Ҳукумати  мамлакат  қарор дорад.

 

АКСҲО: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Декабрь 16, 2021 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад