МУБОРАК БОД! Варзишгарони наврас ва ҷавони тоҷик дар Чемпионати Осиё/Уқёнус оид ба гӯштини дзюдо соҳиби 8 медал шуданд

Декабрь 7, 2021 08:33

ДУШАНБЕ, 07.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Чемпионати Осиё/Уқёнус оид ба намуди гӯштини дзюдо, ки 4-5 декабр дар шаҳри Бейрути Лубнон баргузор  гардид, 5 медал – 1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.

Дар чемпионати мазкур 127 варзишгар (82 мард, 45 зан) аз 17 давлати қора ширкат карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи муҳим  миёни писарон 9 варзишгар — Хурсандқул Куганов (-66кг), Абубакр Шеров (-66кг), Муҳаммадиқбол Тошов (-73кг), Масъуд Аҳмадзод (-73кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (-81кг), Шодмон Ризоев (-81кг), Раҳматулло Мирзоев (-90кг), Мансур Раҳмон (-100кг), Давлатҷон Назриев (+100кг) намояндагӣ карданд, ки дар натиҷа соҳиби 1 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ шуданд.

Медали тиллоро Шодмон Ризоев дар вазни -81кг сазовор гашт. Ӯ дар финал бар намояндаи дигари Тоҷикистон Муҳаммадҷон Абдуҷалилов пирӯз шуд.

Шодмон Ризоев соли 2019 дар Чемпионати Осиё/Уқёнус миёни ҷавонон дар Тайпейи Чин дар вазни -66кг медали нуқра гирифта буд.

Абубакр Шеров (-66кг), Масъуди Аҳмадзод (-73) ва Давлатҷон Назриев (+100кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Хотиррасон мешавем, ки дар Чемпионати Осиё/Уқёнус оид ба гӯштини дзюдо миёни наврасон Парвиз Абдураҳмонов (+90кг) сазовори медали нуқра, Суруш Эркаев (-60кг) ва Муҳаммад Юсуфзода (-66кг) сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд.

                                                                                     АКСҲО аз манбаъҳои боз

Декабрь 7, 2021 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад