«Мусофири афғон: «Шукри Сарвари худ кунед!», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Декабрь 9, 2021 15:38

ДУШАНБЕ, 09.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаригардида матбуоти даврии Тоҷикистон оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершуморе ба нашр расонид, ки шарҳи мухтасари онҳоро манзури хонандагони сомона мегардонем.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон   —  «Ҷумҳурият»  дар шумораи №241 (24 348), ҷумъа,  3 декабри соли 2021 дар саҳифаи аввал таҳти унвони «Ҳунарҳои мардумӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат» ва «Мусофири афғон: «Шукри Сарвари худ кунед!» маводи таҳлилӣ ба нашр расонидааст. Инчунин қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар хабару гузоришҳои ҷолиб низ чоп шудаанд.

Дар матлаби «Мусофири афғон: «Шукри Сарвари худ кунед!»   муаллиф Раҳмонқул Раҳмонқулов аз гуфтаҳои як муҳоҷири афғонӣ, ки ҳамсафараш будааст, чунин нигоштааст: «Дидем, ки қитъаи харобшудаи роҳ ҳам ба ҳолати аввала баргардонида шуду ҳаракати нақлиёти мусофиркашу боркашон барқарор гардид. Дар мавзеи зебову муносиб барои хонаводаҳое, ки бар асари сел зарар диданд, Ҳукумати Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ хонаҳои нав бо тамоми шароит сохта дод. Мактаб, бунгоҳи тиббӣ бунёд кард. Ва мо – хонабардӯшони он тарафи дарё ҳамаи инро назора мекардему ҳавас  мебурдем…».

Дар ин шумора аз саҳифаи махсуси иттилоотӣ-фароғатӣ зери унвони «Шоми шанбе» хонанда имкон дорад аз рӯйдодҳои ҷаҳон ва маълумоти ҷолиб воқиф гардида, бо  латифаҳою муаммо табъи худро болида намояд.

 «Садои мардум» — нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шумораи №146 (4408), сешанбе, 7 декабри соли 2021 хабару мақолаҳои ҷолибу хонданӣ, аз ҷумла: «Пешвои миллат ва рушди устувори кишвар», «Қонунҳои миллӣ-кафили рушди маориф ва зиндагии шоистаи мардум», «Хотирбинӣ ба қонунвайронкунӣ низ боис мегардад», «Иқтисоди сабз» сифати зиндагиро беҳ месозад», «Минтақаи Кӯлоб. Сокинони 93 деҳа аз барқ маҳруманд»-ро чоп намудааст. Ҳамчунин хонанда имкон дорад, ки аз ин шумора хабарҳоро оид ба фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутолиа намояд.

 «Народная газета» — нашрияи русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №48, (2032), чоршанбе,  8 декабри соли 2021 оид ба иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор зимни ифтитоҳи мамнӯъгоҳи ҳайвоноту парандаҳо, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии «Қуллаҳои Тоҷик» таъсис дода шудааст, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо  Мудири кулли Бунёди Кувайт оид ба рушди иқтисоди кишварҳои араб Марван Абдуллоҳ-ал Ғоним ва хабару гузоришҳои дигар аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мавод ба нашр расонидааст.

 Инчунин матолиби дигари ин шумора «Народная Демократическая партия Таджикистана- детище Лидер нации», «Храм Окса»- одно из крупнейших сооружений древней архитектуры Центральной Азии», «Геологи Таджикистана отметят свой профессиональный праздник», «Творческий путь Махмуда Абдуллоева» ва «Застывшее волнение Земли» мебошанд.

«Минбари халқ» —  нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи №49 (1343), чоршанбе, 8 декабри соли равон оид ба аз ҷониби Пешвои миллат ифтитоҳ ёфтани мамнӯъгоҳи ҳайвоноту парандаҳо дар шаҳри Ҳисор, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии «Қуллаҳои Тоҷик» таъсис дода шудааст, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо  Мудири кулли Бунёди Кувайт оид ба рушди иқтисоди кишварҳои араб Марван Абдуллоҳ-ал Ғоним мавод ба табъ расонидааст.

Инчунин дар ин шумора хабару мавод таҳти унвони «Ҳизбе фаротар аз як неруи сиёсӣ», «Ҳизбе, ки оинномааш оинаи миллат аст», «Зербинои ҷомеаи муосир», «Аз ҳизби худ ифтихор дорем!», «Омили мухими пешгирии ифротгароӣ дар ҷомеа» ва дигар матолиби хонданӣ рӯи чоп омадаанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Декабрь 9, 2021 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид