ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст

Декабрь 30, 2021 08:09

ДУШАНБЕ, 30.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои  камабри бебориш дар назар аст, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обу ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мебошад. Дар шарқи вилоят шабона 33-38 дараҷа хунук, рӯзона 13-18 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10-15 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа хунук, рӯзона 9+11 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 30, 2021 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид