Огоҳии Вазорати корҳои дохилӣ: Муомилоти маводи тарфгарӣ манъ буда, истифодаи нодурусти он оқибати нохуш дорад

Декабрь 14, 2021 10:27

ДУШАНБЕ, 14.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз соли 1998 инҷониб  дар Тоҷикистон бо назардошти хавфнокӣ ва оқибатҳои нохуш доштан, чун оташангезӣ ва ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштан муомилоти маводи тарфгарӣ манъ карда шудааст.Ба ин нигоҳ накарда, ҳамасола дар арафаи иди Соли нав аз ҷониби сокинон ба мақомоти корҳои дохила нисбат ба рафтори наврасон, ки дар маҳалҳои истиқоматӣ ба инфиҷори маводи  тарфгарӣ даст зада, оромии онҳоро халалдор месозанд, арзу шикоятҳо ворид мешаванд. Давоми 10 рузи аввали моҳи декабр Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти  чандин нафар ба иттиҳоми хариду фурӯши маводи тарфгарӣ иттилоъ дод.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба  маркази матбуоти  Вазорати корҳои дохилии мамлакат  хабар медиҳад, давоми даҳаи аввали моҳи декабр кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд 6 ҳолати муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи тарфгариро ба қайд гирифта, маҷмӯан 54 ҳазору 741 адад маводи тарфгарии садодиҳандаро, ки бо номи «хлапушка»  маъмул аст, мусодира намуданд.  Аз ҷумла,  дар ҳудуди шаҳри Бӯстон  4 декабр навраси 16-сола, хонандаи мактаб ҳангоми ба фурӯш баровардани 24 000 адад маводи тарфгарӣ бо номгӯи «Трения» боздошт гардид. Ба ҳамин монанд,   7 декабр кормандони милитсия дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров шаҳрванд Мулобоев Дилшод Муҳаммадҷонович, соли таваллудаш 2001-ро барои ғайриқонунӣ нигоҳдории маҳсулоти пиротехникӣ боздошт намуда, 24 000 дона «хлапушка» мусодира намуданд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои  фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар вилояти Хатлон, дар ҳудуди шаҳри Бохтар ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии марди 30-солаи сокини шаҳри мазкур, маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ),  аз қабили «Трения» ва «Соловей разбойник» ба миқдори 12 ҳазору 709 адад дарёфт ва гирифта шуд.

Дар натиҷаи чунин як  чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 26-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 14 ҳазору 572 дона маводи тарфгарии пиротехникӣ дарёфт ва мусодира карда  шуд.

Аз рӯи далелҳои ошкоргардида дар асоси талаботи моддаи дахлдори  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Мақомоти корҳои дохилӣ аз шаҳрвандон талаб ва хоҳиш менамояд, ки ба хотири ба даст овардани манфиати пулӣ меъёрҳои манъкунандаи қонунро сарфи назар накунанд. Ҳамчунин волидонро зарур аст, ки  дар ин самт фарзандонро назорат намуда, оқибати нохуш доштани чунин амалро фаҳмонанд.

АКСҲО: ВКД ЧТ

Декабрь 14, 2021 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид