«ПУЛАКӢ ШУДАНИ РОҲ БА ХОТИРИ САРФАИ МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТИ ДАВЛАТ АСТ». Директори филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон Нодирҷон Сафаров ба саволҳои хабарнигори АМИТ «Ховар» посух гуфт

Декабрь 17, 2021 15:35

ДУШАНБЕ, 17.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола бо фаро расидани мавсими сармо ҳаракати қариб ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо, махсусан роҳҳои кӯҳӣ мушкил мегардад. Аз ин хотир дар ин давра ҳар ронандаро зарур меояд, ки аз хушёрӣ ва маҳорати баланди касбӣ истифода намояд.

Роҳи Душанбе-Чанок дар мавсими сармо яке  аз роҳҳои кӯҳӣ ва мушкилгузар   дониста шавад ҳам, вале кормандони Филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  ин айёми    сармо ва резиши барфу борон, новобаста ба вақту соат пайваста ҷиҳати таъмини рафту омади бемамониати шаҳрвандон ва меҳмонон дар ин масир фаъолияти густурда ба роҳ мондаанд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Файзалӣ НИЁЗ бо Директори филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирҷон САФАРОВ вобаста ба ҳамин мавзӯъ ва чанд паҳлӯи дигари фаъолияти филиали мазкур суҳбат кард.

АМИТ «Ховар»: — Оғози фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» ба кадом омилҳо рабт дорад?

Н.Сафаров: — Бо навсозии шоҳроҳи Душанбе — Айнӣ — Истаравшан — Хуҷанд — Бӯстон — Чанок он бо роҳи байналмилалии Қароқурум — Кулма — Хоруғ — Кӯлоб — Душанбе пайванд гардида, яке аз қисматҳои асосии Роҳи бузурги абрешим эҳё шуд. Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти нақши боризи роҳ ва бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он ба хулосае омад, ки механизми инноватсиониро аз рӯйи низоми толлингӣ дар хизматрасонӣ ва идоракунии роҳи Душанбе-Чанок мавриди амал қарор диҳад. Шурӯъ аз соли 2010 тибқи шартномаи консессионӣ, нигоҳдории шоҳроҳи моишнгарди Душанбе-Чанок ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуд. Интихоби ин ширкат тибқи муқаррароти қонунгузории мамлакат ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, шартномаи зикршударо мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонид.

АМИТ «Ховар»: — Манфиату бартариҳои мавҷудият ва дастовардҳои раванди фаъолият кадомҳоянд?

Н.Сафаров: — Таъмин будани  рафтуомади шаҳрвандон аз тариқи ин роҳ дар ҳама фасли сол дастоварди асосӣ маҳсуб мешавад. Солҳои қаблӣ роҳи мазкур ҳамасола 6-7 моҳ аз сабаби фаромадани тарма ва ҳодисаҳои дигари табиӣ баста  мешуд. Замони мавҷуд набудани роҳи муносиб дар ин самт истифодабарандагони роҳ ҳамарӯза бо мушкилоти зиёд дучор мешуданд.

Ҳанӯз дар марҳилаи аввали фаъолият барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд пеш бурдани фаъолият зиёда аз даҳҳо миллион доллари ИМА сармоягузорӣ шуда, минбаъд ин нишондиҳанда афзоиш ёфт. Дар ин замина пойгоҳи техникии филиали ширкат ба 210 техникаву механизм расида, дар ҳар минтақа корхонаҳои истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонӣ бунёд гардиданд. Дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои муътабари байналмилалӣ, аз ҷумла, «Тексидел» зимни фаъолият технологияи муосир мавриди истифода қарор гирифта, ин раванд бемайлон идома дорад.

АМИТ «Ховар»: — Баъзеҳо ибтикори аз ҷониби «IRS» амалишударо нодида мегиранду чунин мепиндоранд, ки фаъолияти кормандони он  танҳо дар плазаҳои толлингӣ иктифо мешавад

Н.Сафаров: — Ин андеша беасосу муғризона аст. Онҳое, ки аз тариқи роҳи мавриди назар боре сафар кардаанд, шоҳиди ҳол шудаанд, ки  ҳар рӯз садҳо мутахассиси соҳибтаҷриба, устоҳои роҳ бо кумаки техникаи махсус ба тозакунӣ ва таъмир машғул буда, ҳар ваҷаби роҳро ҳифз мекунанд, то сифати он барои солҳои тӯлонӣ нигоҳ дошта шавад.

Ҳамасола доираи фаъолият хеле васеъ гардида, ҳазорҳо тонна мумқир (асфалт) харҷ мешавад.  Барои мисол, соли ҷорӣ  бо ин мақсад зиёда аз 60 000  тонна мумқир истифода шуд.

Дар минтақаи Варзоб масоҳати таъмиргардида 111759 метри мураббаъ ва  асфалти сарфшуда 15496 тоннаро ташкил медиҳад.

Тибқи нақша, кормандони Намояндагии филиали ширкат дар минтақаи Зарафшон бояд 167580 метри мураббаъ роҳро  таъмир мекарданд. Ба  шарофати масъулиятшиносӣ ва азми қавии кормандон  нақша барзиёд иҷро гардида,  бо харҷи 21480,2 тонна мумқири хушсифат 169305 метри мураббаъ роҳ таъмир шуд.

Дар Намояндагии Суғд низ таъмири роҳ дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ гардида, зиёда аз 15 километр роҳ аз  таъмири куллӣ баромад.

АМИТ «Ховар»:  — Чун ҳоло мавсими сармост, мехостам донам, ки кормандони IRS ба он чӣ гуна омодагӣ доранд?

Н.Сафаров: — Кормандон бо сару либоси зимистона таъмин шуда, барои фаъолияти муназзами онҳо дар макони мустақар  дар ҳаҷми  зарурӣ ангишт ва ҳезум дастрас шудааст.

Барои фаъолияти муназзаму пурмаҳсул дар фасли зимистон дар намояндагии Варзоб 4312,5 метри кубӣ маводи зиддилағжиш, 150000 литр  сӯзишвории дизелӣ, 80 тонна ангишт, 30 метри кубӣ ҳезум, 4100 литр равғани молиданӣ, 1700 литр антифриз захира шуда, 44 техникаву механизми барои ин мавсим пешбинишуда дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Дар  намояндагии Зарафшон низ омодагӣ ба мавсими сармо ҷиддӣ буда, захира шудани  5600 тона қум, 410 тонна намак, 90 тонна сӯзишвории дизелӣ, 16 тонна ангишт, 10 метри кубӣ ҳезум шаҳодати ин гуфтааст. Сӣ  техникаи махсус ба мавсими тирамоҳу зимистон омода мебошанд.

Чунин тарзи муносибат дар намояндагии филиали ширкат дар минтақаи Суғд низ роиҷ буда, 4000 тонна қум, 350 тонна намак, 40000 литр сӯзишвории дизелӣ, 20 тонна  ангишт, 20 метри мураббаъ ҳезум захира шудааст. 34 адад техникаву механизм ба мавсими зимистон пурра омодаанд.

АМИТ «Ховар»: — Далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки давоми мавҷудият тарофаҳои мавҷуда ягон маротиба боло нарафтаанд…

Н.Сафаров: Дуруст гуфтед. Сарфи назар аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ, болоравии сатҳи таваррум, бемайлон афзудани нархи сӯзишворӣ ва дигар маводу масолеҳи барои нигоҳдории роҳ зарурӣ  боло набурдани тарофаҳо иқдоми наҷиби роҳбарияти филиали ширкат маҳсуб мешавад.  Барои аҳолии шафати роҳ низ низоми  гузариши имтиёзнок ҷорӣ шудааст.

АМИТ «Ховар»: — Мавҷуд набудани роҳи алтернативӣ бо вуҷуди зиёд шарҳу тавзеҳ ёфтанаш то кунун боиси “нигаронӣи баъзе ба ном коршиносон аст. Бамаврид аст дар ин бобат андешаҳоятонро иброз намуда, ба ин васила ба ин баҳс нуқтаи таммат гузорем

Н.Сафаров: — Будани роҳи алтернативӣ яке аз талаботи классикии ҷоринамоии истифодаи пулакии роҳ аст, вале ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад ҳатмӣ бошад. Зеро ҳар кишвар махсусияти худро дорад.  Бояд эътироф кунем, ки дар минтақае, ки роҳи Душанбе – Чанок ҷойгир аст, бунёди роҳи алтернативӣ ба ақл рост намегирад. Онҳое, ки чунин иддао доранд, шояд аз махсусияти ин минтақа бехабаранд. Бо дарки масъулият мегӯям, ки роҳи Душанбе – Чанок аз лиҳози кӯҳсор ва релефи ҷойгиршавӣ нозукиҳои худро дорад, ки  мавҷудият ва истифодаи роҳи алтернативиро зери суол мебарад. Масалан, замони муваққатан қатъ гардидани ҳаракат тариқи нақби «Истиқлол» мо шоҳид будем, ки шаҳрвандон кӯшиш мекарданд бо ҳар роҳу васила аз ин  нақб гузаранд, на аз роҳи пешинаи ағбаи Анзоб. Хулоса, дар баландии зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр бунёд намудани роҳи ба истилоҳ «алтернативӣ» мантиқан ва моҳиятан зери суол аст. Дар он сурат ба мавҷудияти роҳи пулакӣ чӣ зарурат мемонад?

Муҳимтар аз ҳама, нигоҳдории роҳи «алтернативӣ» низ хароҷоти зиёд дошта, сарбории масрафи маблағҳои буҷавиро зиёдтар менамояд. Шумо хуб медонед, ки нигоҳдории роҳ осон нест ва хароҷоти ниҳоят зиёд дорад. Мантиқан пулакӣ шудани роҳ низ ба хотири сарфа намудани маблағҳои Буҷети давлат ва минбаъд равона намудани он ба самтҳои дигар, аз ҷумла, пардохти қарз амалӣ шудааст.

Ба ибораи дигар, дар заминаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ин вазифа (нигоҳдории роҳ) ба зиммаи дуюмӣ вогузор гардид.

  АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 17, 2021 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд лоиҳаи тавсеаи буҷети барномавиро оғоз менамоянд
Ширкатҳои Ҳиндустон ба истеҳсоли молу маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд
Имрӯз дар Бангкок ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон гузариши транзитии мошинҳои боркашро осон менамоянд
Дар корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 130 вагон аз таъмири асосӣ ва умумӣ бароварда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,6 миллион тонна бор ва 95,8 ҳазор мусофир интиқол дода шуд
Дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои бахши амалиётӣ маблағгузорӣ ба сохтмони неругоҳи «Роғун» баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 105,9% таъмин гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд
Дар Вашингтон машварати мудирони Хазинаи Байналмилалии Асъор аз давлатҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ доир гардид
Гумрукчиён дар вилояти Суғд қочоқи 2,7 тонна маводи дорувориро пешгирӣ намуданд
Ҳайати Тоҷикистон бо Президенти Бонки сармоягузории Аврупо ҷалби сармоя барои бунёди иншооти гидроэнергетикиро баррасӣ намуд