Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар чанд ноҳияҳои Хатлон бо ҷараёни корҳои саҳроӣ шинос шуд

Декабрь 3, 2021 20:08

ДУШАНБЕ, 03.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияҳои Фархор ва Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон бо ҷараёни корҳои саҳроӣ, истифодаи мақсадноки замин ва тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ шинос шуда, иншооти таъйиноти гуногунро мавриди истифод қарор дод, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода нахуст  аз рафти кишти тирамоҳӣ дар мавзеи Олимтой дидан намуд.

Мавриди зикр аст, ки дар мавзеи Олимтой 7081 гектар замин барои кишт  мавҷуд аст.

Аз маҷмӯи заминҳои умумӣ ба ноҳияи Данғара 2164 гектар, Фархор 3813 гектар, Восеъ 386 гектар, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 144 гектар ва Муъминобод 574 гектар замин вобаста мебошад.

Баъди боришоти охирҳои моҳи ноябр дар ин мавзеъ кишти тирамоҳӣ оғоз гашта, имрӯзҳо бо ҷалби техникаву механизми муосир кор дар саҳро бо суръат ҷараён дорад.

Хотиррасон менамоем, ки вилояти Хатлон калонтарин вилояти истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ буда, натанҳо бо ҳосили фаровони ғалла, балки бо рушди соҳаи боғдорӣ, пахтакорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорию парандапарварӣ дар афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад,  нақши муҳим дорад.

Зимни шиносоӣ Сарвазири мамлакат хоҷагидорон ва масъулони вилояти Хатлонро  баҳри боз ҳам вусъат додани кишти тирамоҳии ғалладонагӣ ва сабзавоти барвақтӣ, истифодаи пурсамар аз заминҳои корам, риояи дурусти қоидаҳои агротехникии коркарди замин, афзоиш додани истеҳсоли маводи ғизоӣ, ки дар маҷмуъ ба фаровонҳосилӣ замина мегузорад,  вазифадор намуд.

Дар ноҳияи Фархор  Сарвазири мамлакат бо ҷараёни   корҳои таҷдиду барқарорсозии пойгоҳҳои обкашии “Уртабуз” ва  тадбирҳои ободонӣ дар ноҳия шинос шуд.

Таҷдиду барқарорсозии пойгоҳҳои обкашии мавзеи “Уртабуз”  дар доираи лоиҳаи “Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаҳои дарёи Панҷ” аз соли 2020 оғоз гардидааст.

Дар мавзеи мазкур 5700 гектар замини корами обӣ мавҷуд буда, тавассути пойгоҳи обкашии Уртабуз 1 1381 гектар ва пойгоҳи обкашии Уртабуз 4 3914 гектар замин обёрӣ карда мешавад.

Таъкид бояд кард, ки дар доираи ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор то имрӯз 503 иншоот сохта ба истифода дода шудааст, ки аз ин 13 ададаш  ба соҳаи тандурустӣ ва 28 –тои дигараш  ба соҳаи маориф рост меояд.

Айни замон дар  44 иншооти  боқимонда  корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд.

Тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ аслан бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша анҷом дода мешаванд.

Зимни шиносоӣ Сарвазири мамлакат вусъат бахшидани тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ, ба инобат гирифтани талаботи муосири сохтмонӣ ва фароҳамсозии ҷойҳои нави кориро дар иншооти бунёдшаванда зарур шуморид.

Дар идомаи сафар  Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ сехи дӯзандагӣ, маркази хизматрасонӣ ва хати нави коркарди намаки оширо ба истифода супорида, бо фаъолияти ҶДММ “ТОҶАГРО” ва “Нонпаз”, бо  ҷараёни корҳои тозакунии каналу заҳкашҳо, соҳилмустаҳкамкунӣ ва дигар тадбирҳои бунёдкорию созандагӣ шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуд.

Марказҳои хизматрасонӣ дар деҳаи Меҳнатобод аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар доираи ҷашнҳои миллӣ мутобиқ ба талаботи замон бунёд карда шудааст.

Дар  марказҳои хизматрасонӣ сехӣ дӯзандагӣ, нуқтаи таъмири автомашинаҳои сабукрав, маркази забономӯзӣ ва  толори варзишӣ ҷойгир мебошад.

Баъди мавриди истифода қарор гирифтани ду иншооти хизматрасонӣ наздики 30 нафар ва хати нави истеҳсолӣ дар корхонаи коркарди намак дар ҶДММ “Алоқа” 13 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.

Корхонаи мазкур асосан аз соли 2003 фаъолият менамояд.

Сокинони ноҳия заминҳои наздиҳавлаигию саҳроиро низ самаранок истифода намуда, бо ба даст овардани ҳосили баланд ҳаммасола  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро  афзоиш медиҳанд.

Бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти кишоварзии тару тоза  дар деҳоти Меҳнатобод ва деҳоти Қаҳрамон “Гӯшаи деҳқон” ташкил карда шудааст, ки хоҷагидорон метавонанд маҳсулоти истеҳнамудаи худро бо нархи дастрас пешниҳоди сокинон гардонанд.

Бо мақсади сари вақт бо оби полезӣ таъмин намудани хоҷагиҳо ва беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳои корам тозакунии каналу ҷӯйбор ва заҳбуру заҳкашҳо дар ноҳия вусъат ёфтааст.

Ҳамчунин бо мақсади дар оянда бо оби соф таъмин намудани хоҷагиҳои ҳудуди ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва Восеъ дар доираи Лоиҳаи “Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ” дар масоҳати 36 гектар ҳавзи обтакшинкунак  бунёд гардида истодааст.

Масофаи соҳили дарёи Панҷ дар ҳудуди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  25 километрро дар бар мегирад.

Дар маҷмуъ дар ноҳия барои таъмини бехатарии сокинон ва пешигирӣ намудан аз обхезӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ вусъат бахшида шуда, имкониятҳои ҷойдошта мақсаднок истифода бурда мешавад.

Дар идома Сарвазири мамлакат бо фаъолияти аҳли заҳмати ҶДММ “Тоҷагро” шинос шуд.

Ҷамъияти мазкур дар ихтиёри худ 56 гектар замини корам дорад.

Дар баробари бунёди боғу токзор ҳамзамон ба таъсиси гармхонаҳои муосир таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст.

Натиҷа ҳамин аст, ки имрӯзҳо ҳосил дар гармхонаҳо фаровон буда, аҳли заҳмат ҳаммарӯза самараи дастранҷи худро ба фурӯш мебароранд.

Дар идома Сарвазири мамлакат бо фаъолияти ҶДММ “Нонпаз”-и ноҳия шинос шуд.

Коргоҳи саноатӣ-истеҳсоли маҳсулотҳои қаннодӣ ва нонии ҶДММ “Нонпаз” аз ҷониби соҳибикорони ватанӣ дар кӯчаи Бобоҷон Ғафуров бо тарҳи нави меъморӣ дар доираи ҷашнҳои миллӣ бунёд карда шудааст.

Имрӯзҳо талабот ба маҳсулоти коргоҳи саноатӣ-истеҳсоли маҳсулотҳои қаннодӣ ва нонии ҶДММ “Нонпаз” зиёд мебошад.

Ифтитоҳи чунин иншоот имкон медиҳад, ки ҳам ҳунарҳои миллӣ рушд карда,  ҳам занону духтарон бо ҷойи кор таъмин карда шаванд.

АКСҲО: АМИТ “Ховар”

Декабрь 3, 2021 20:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд