Соли 2022 ба Тоҷикистон аз Русия чӣ миқдор нафту газ ворид мешавад

Декабрь 30, 2021 12:16

ДУШАНБЕ, 30.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Русия ба Тоҷикистон  соли 2022  260 ҳазор тонна бензин интиқол медиҳад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора агентии «Интерфакс» бо истинод ба Вазорати энергетикаи Федератсияи Русия хабар медиҳад.

Ғайр аз ин,  Тоҷикистон 10 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 40 ҳазор тонна сӯзишворӣ барои муҳаррики реактивӣ, 40 ҳазор тонна битуми нафтӣ, 100 ҳазор тонна ангиштсанг, 30 ҳазор тонна мазут ва 50 ҳазор тонна гази моеъ мегирад.

Интиқоли захираҳо бе ситонидани боҷ дар доираи созишномаҳои байниҳукуматӣ сурат мегирад

Аз моҳи январ то ноябри соли 2021 ба Тоҷикистон зиёда аз 553,9 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи зиёда аз 360 миллион доллар ворид шудааст.

АКС: news.myseldon.com

Декабрь 30, 2021 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид