ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, шанбе, 359-умин рӯзи соли 2021 аст

Декабрь 25, 2021 08:00

25 декабри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат»-ро ба имзо расониданд.

***

12 сол пеш аз ин, 25 декабри соли 2009 дар пойтахти  Тоҷикистон маросими рӯнамоии  саҳмияҳои НБО «Роғун» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш  ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба якдилона қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони «Арзёбии фарогири миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки бо ибтикори ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳаммуаллифии 190 кишвари аъзои СММ пешбарӣ гардид, барқияи шодбошӣ ирсол намуд.

25 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ангола – Рӯзи оила.

РӮЙДОДҲО:

25 декабри соли 2009  дар шаҳри Душанбе Нақшаи ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо Муассисаи наҷоти атфоли СММ дар бораи амалӣ сохтани барномаи тадбирҳо барои солҳои 2010 – 2015 ба имзо расид.

***

25 декабри соли 2010 дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе шаби эҷодӣ ва рӯнамоии китоби Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло «Рӯ  ба меҳроби Ватан» доир шуд.

***

12 сол пеш, 25 декабри соли 2010 дар фарҷоми ҳамоиши 11–уми сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) дар шаҳри Истанбули Туркия ҷоизаи созмон дар самти фарҳанг барои дастовардҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба олим ва фарҳангшиноси тоҷик Фароғат Азизова супорида шуд.

***

25 декабри соли 2012 дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Лоиҳаи «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» баррасӣ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хабарнигори ТАСС мусоҳиба ороста, оид ба асосҳои ҳамкории дуҷонибаи Душанбе ва Москва сухан кард.

***

25 декабри соли 2012 дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба варзишгарони беҳтарини сол доир гардид.

***

25 декабри соли 2013 ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Ҳиндустон муҳокима гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе кори дурӯзаи комиссияи машварати сиёсии байнивазоратии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба охир расид.

***

38 сол муқаддам, 25 декабри соли 1983 Миср ва Урдун Созишнома дар бораи барқарор намудани муносибатҳои иқтисодиро ба имзо расониданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

 Соли 1896  дар Милан аввалин рӯзномаи сотсиалистии Италия — «Ба пеш!» («Avanti!») нашр шуд.

Декабрь 25, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 апрел, панҷшанбе, 118-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 апрел, сешанбе, 116-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 апрел, душанбе, 115-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 апрел, якшанбе, 114-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, шанбе, 113-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 апрел, ҷумъа, 112-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 апрел, панҷшанбе, 111- умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 апрел, чоршанбе, 110- умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 апрел, сешанбе, 109- умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 апрел, душанбе, 108-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 апрел, якшанбе, 107-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 апрел, шанбе, 106-умин рӯзи соли 2022 аст