Табибони Тоҷикистон ва Туркия мубодилаи таҷриба менамоянд
ДУШАНБЕ, 9.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Омӯзонидани мутахассисони тоҷик аз рӯи ихтисосҳои ҷарроҳии эндоскопӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ бо таваҷҷуҳ ба ихтисосҳои вирусология, микробиологӣ ва эпидемиология ба тариқи давраҳои омӯзишӣ-амалӣ дар шаҳрҳои Туркия, инчунин табодули таҷрибаи табибони Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи дорусозӣ зимни вохӯрии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зекӣ баррасӣ гардид, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни вохӯрӣ Ҷамолиддин Абдуллозода таассуроти худро аз иштирок дар Конференсияи рақамӣ ва Намоишгоҳи АвруОсиё-21, ки моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Анталияи Туркия доир гардид, иброз дошта, барои даъват ва пазироӣ ба ҷониби кишвари Туркия изҳори миннатдорӣ намуд.
Тазаккур дода шуд, ки ҳамкории вазоратҳои тандурустии Тоҷикистон ва Туркия дар доираи созишномаи соҳавӣ аз соли 1996 оғоз гардида, имрӯз дар марҳилаи рушд қарор дорад.
Зикр шуд, ки аз ҷониби кишвари Туркия дар доираи баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия масъалаҳои таҳкими ҳамкории ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ва васеъ намудани имконияти дастгирӣ, баимзорасонии созишномаи нави байниҳукуматӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илми тиб бо таваҷҷуҳ ба масъалаҳои тандурустии ҷамъиятӣ ва пандемияи COVID-19 пешниҳод карда шудаанд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалисозии онҳо ҳавасмандии хешро иброз менамояд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






