Тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор дар вазъияти тантанавӣ соҳиби туҳфаҳои Пешвои миллат шуданд
ҲИСОР, 29.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Соли нави мелодии 2022 дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор ҷамъомади идона доир гардид. Зимни он туҳфаҳои идонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз сару либоси гарм, пойафзолу шириниҳо иборат буданд, муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода ва Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода ба 313 нафар тарбиягирандагони мактаб-интернат тақдим намуданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба хабарнигори АМИТ «Ховар» итилоъ доданд.
Ҳамчунин дар баробари тақдими туҳфаҳои солинавӣ ба хотири болидарӯҳии кӯдакони имконияташон маҳдуд дар ошхонаи муассиса дастурхони идона ороста шуда, аз ҷониби аҳли ҳунари бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини консертӣ намоиш дода шуд.
Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо шарофати сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони эҳтиёҷманд ва ятимону маъюбон таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, аз тарафи давлату Ҳукумат барои дастгирии доимии қишри ниёзманди ҷомеа тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
АКС аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






