Тоҷикистон ва Италия дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаро баррасӣ карданд

Декабрь 2, 2021 14:06

ДУШАНБЕ, 02.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Рим мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Ҷумҳурии Италия (бо иқомат дар шаҳри Париж) Ҷамолиддин Убайдулло бо муовини вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Италия Манлио ди Стефано доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италияро баррасӣ намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италия 15 майи соли 1992 барқарор шуда, айни замон байни ду давлат 5 созишномаи байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидаанд.

АКС: ВКХ ҶТ

Декабрь 2, 2021 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд
Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир шуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеаи тоҷикон дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрӣ намуд