Ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон тақрибан 2,5 миллион воя ваксина бар зидди COVID-19 эҳдо кард
ДУШАНБЕ, 14.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба Тоҷикистон 153 000 вояи ваксинаи изофӣ аз Pfizer эҳдо кард. Боқимонда 146 520 воя ваксина ҳафтаи ҷорӣ интиқол дода мешавад ва шумораи умумии онҳо ба 299 520 адад мерасад. Вояҳои ваксина тавассути механизми COVAX — ташаббуси ҷаҳонӣ барои мусоидат дар дастрасии баробар ба ваксинаҳои COVID-19 имконпазир гардид. Интиқоли имрӯза ҳаҷми умумии хайрияи ҳукумати ИМА аз ваксинҳои Pfizer (823 680) ва Модерна (1 622 500) дар Тоҷикистон ба 2 446 180 адад хоҳад расонд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати ИМА дар Душанбе хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, аз моҳи марти соли 2020 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои кумак ба Тоҷикистон дар мубориза бо COVID-19 ба маблағи беш аз 12 миллион доллар таҷҳизот ва дастгирии техникӣ ҷудо кардааст. Ин дастгирӣ барои хариди лавозимоти тиббӣ-санитарӣ ва таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ, такмили лабораторияҳо, омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва тиб, инчунин дастгирии кӯшишҳои эмкунӣ дар Тоҷикистон истифода бурда мешавад.
«Иёлоти Муттаҳида шарикиро бо Тоҷикистон барои хотима додан ба пандемияи COVID-19, коҳиш додани таъсири харобиовари иҷтимоӣ ва иқтисодии он ва беҳтар кардани омодагӣ ба вокуниш ба авҷгирии оянда идома хоҳад дод», — гуфта шудааст дар хабари Сафорат.
Интиқоли имрӯзаи ваксинаи Pfizer ба Тоҷикистон як қисми уҳдадориҳои ҳукумати ИМА оид ба эҳдо кардани 1,1 миллиард вояи ваксинаи COVID-19 ба кишварҳои эҳтиёҷманд – бехатар, одилона ва бидуни шарт мебошад. Дар саросари ҷаҳон Иёлоти Муттаҳида аллакай беш аз 5,7 миллиард доллари ИМА кумак барои мубориза бо COVID-19 фиристодааст ва расонидани кумаки бештар дар назар аст.
Роҳбари намояндагии USAID дар Тоҷикистон Питер Райли бо ишора ба муваффақияти маъракаи эмгузаронии Тоҷикистон, ки аллакай беш аз 40 дарсади аҳолии кишварро фаро гирифтааст, чунин иброз дошт: «Мо ният дорем, ки Тоҷикистон то моҳи сентябри соли оянда дар доираи барномаи эмкунӣ ба 70 дарсади пурраи эмкунӣ бирасад, ки ин як қисмати ташаббуси маъмурияти Президент Байден- «Ҷаҳонро эм кунед!» мебошад».
АКС: Сафорати ИМА дар Тоҷикистон








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






