Умеда Абдуллозода: Яке аз тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ба тамоми зинаҳои таҳсил фаро гирифтани духтарон мебошад
ДУШАНБЕ, 25.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардид, ки вобаста ба иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 21 декабри соли 2021 ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ҳамзамон барои то ба 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то ба 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат марҳилаи нави Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд. Дар робита ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода ҳамсуҳбат гардид.
АМИТ «Ховар»: — Пешвои миллат дар Паёми имсола зикр намуданд, ки «нақши бонувону занон дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад» ва ҳамзамон оид ба мавқеву мақом ва манзалати занон дар ҷомеа сухан гуфтанд.
Умеда Абдуллозода: — Бале. Дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани мақом ва манзалати занон дар ҷомеа, фаъолнокии онҳо дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла, иҷтимоиёту иқтисодиёт, сиёсату фарҳанг, саноату нақлиёт, энергетика ва соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои зарурӣ андешид ва бо ин мақсад заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ гузошта шуданд.
Дар ин давра бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъол гардонидани нақш ва мавқеи занон самти афзалиятноки сиёсати давлату ҳукумат муайян гардида, дар ин ҷода якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробари амалигардонии онҳо», Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва 2021-2030), Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷо ба ҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 дар ду марҳила (аз соли 2007) қабул ва амалӣ гардиданд.
Дар ин замина вобаста ба иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 ироа гардид, ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ҳамзамон барои то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то ба 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардид, ки марҳилаи нави Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030 таҳия гардад.
Баланд бардоштани нақши занону бонувон дар идоракунии давлатӣ, зиёд намудани шумораи занону духтарони лаёқатманд дар вазифаҳои роҳбарикунанда, таҳким бахшидани мавқеи сиёсию иҷтимоии ин қишри ҷомеа дар меҳвари сиёсати давлату ҳукумат қарор дошта, тӯли 30 соли истиқлолият вобаста ба ин масъалаҳо зиёда аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расиданд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 январи соли 2021 шумораи занон 4 миллиону 683 ҳазору 700 нафарро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 49 фоизи шумораи умумии аҳолии ҷумҳуриро дар бар гирифта, тақозои онро дорад, ки нақш ва мақоми ин қишри ҷомеа дар баробари мардон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар фаъол гардонида шавад.
Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузошташуда, пеш аз ҳама, барои ба ҳамаи зинаҳои таҳсил фаро гирифтани духтарон ва рақобатпазирии онҳо ҳангоми фаъолият дар идораҳои давлатӣ муҳим мебошад. Фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи ҷавондухтарон ва омода намудани кадрҳои аз лиҳози зеҳнӣ ташаккулёфта масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад.
АМИТ «Ховар»: — Ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ва зиёд намудани шумораи духтарони дорои маълумоти олӣ, махсусан дар деҳоти дурдасти кишвар кадом корҳо амалӣ мешаванд?
Умеда Абдуллозода: — Ҷиҳати ҳавасманд гардонидан ва зиёд намудани шумораи духтарони дорои маълумоти олӣ, махсусан дар деҳоти дурдасти кишвар аз соли 1997 инҷониб квотаи Президентӣ амал менамояд, ки то соли 2021 13 384 нафар тибқи квота ба донишгоҳҳо дохил шуда, 11 500 нафар донишгоҳро хатм намуданд. Ва яке аз ҳадафҳои меҳварии Барнома дар оянда ҷудо намудани квотаи Президентӣ ба духтарони деҳоти дурдаст аз рӯйи ихтисосҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон, махсусан ихтисосҳои соҳаи сохтмон ва меъморӣ, энергетика, бонкдорӣ, ҳуқуқ ва алоқа мебошад. Бо ин мақсад дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор гузаронидани тадқиқот ҷиҳати муайян намудани талаботи минтақа ба ин ё он ихтисос дар назар дошта шудааст.
Қишри осебпазири ҷомеа, махсусан духтарони ятиму бепарастор, аз оилаҳои камбизоат, имконияташон маҳдуд ва маъюб аз сиёсати дурбинона ва ятимпарваронаи Сарвари давлат маҳсуб шуда, ба дастгирии давлатӣ ниёз доранд. Аз ин лиҳоз, дастгирии ҳамаҷонибаи ин қишри ҷомеа, андешидани тадбирҳои иловагӣ барои муайян намудани имтиёзҳои бештар ҷиҳати дастрасии онҳо ба таҳсил ва фаъолият намудан дар корҳои давлатию ҷамъиятӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
Рушди малакаю маҳорати роҳбарӣ, масъулиятнокӣ, қобилияти ташкилотчигӣ, маърифату фарҳанги баланди муошират, суханварӣ, поктиннатӣ, ахлоқи ҳамида аз муҳимтарин хислатҳои роҳбарӣ ба ҳисоб мераванд.
Вазифаи дигаре, ки ба болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ мусоидат менамояд, ин дар ниҳоди занону духтарон-хизматчиёни давлатӣ тарбия намудани хислатҳои наҷиби инсонӣ мебошад.
АМИТ «Ховар»: — Дар самти баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа ва нақши онҳо дар иқтисоди миллӣ чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Умеда Абдуллозода: — Дар натиҷаи татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва роҳандозӣ гардидани тадбирҳои судманд дар самти баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа ва нақши онҳо дар иқтисоди миллӣ 25, 8 фоизи узви Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олӣ ва 23,8 фоизи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар 5 соли охир шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занону духтарон аз 23 фоиз ба 24,1 ва шумораи кадрҳои роҳбарикунанда аз 18,9 фоиз ба 19,4 фоиз афзоиш ёфтааст, ки албатта, барои расидан ба ҳадафи пешгузошта, яъне барои ба 30 фоиз расонидани шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон ва ба 25 фоиз расонидани шумораи кадрҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагӣ талаб менамояд.
Умед дорем, ки амалишавии барномаи мазкур дар ҳалли мушкилоти занон ва бартараф намудани проблемаҳои ҷойдошта мусоидат намуда, шумораи занону духтарони лаёқатманд дар ҳама соҳаҳои идоракунии давлатӣ боло рафта, рақобатпазирии занону бонувони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ таъмин мегардад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ “Ховар”