Вакили Маҷлиси намояндагон Мироҷ Абдуллоев ба мактаби №19-и Муъминобод мизу курсӣ тақдим намуд

Декабрь 14, 2021 14:01

ДУШАНБЕ, 14.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 19, воқеъ дар деҳаи Лангар-Калони Ҷамоати деҳоти ба номи Боғгаии ноҳияи Муминободи вилояти Хатлон аз ҷониби  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мироҷ Абдуллоев як миқдор маводи таълимӣ, аз ҷумла  60 адад миз ва 50 адад курсиҳо барои утоқҳои кории  муаллимон харидорӣ ва тақдим карда шуд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ “Ховар” хабар дод, дар ин радиф, маъмурияти муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумии № 19, воқеъ дар деҳаи Лангар-Калони Ҷамоати деҳоти ба номи Боғгаии ноҳияи Муминободи вилояти Хатлон марбут ба ҳавзаи интихоботии якмандатаи рақами 38-и ин ноҳия ҳанӯз дар вохӯриҳои пешазинтихоботӣ ва баъдан дар мактуби худ ба унвони вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мироҷ Абдуллоев дархост карда буданд, ки муассисаи онҳо бо мизу курсиҳо, катҳои хоб ва дигар маводи таълимию тарбиявӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити зарурӣ таъмин карда шавад.

Бо назардошти ҳолати воқеӣ дар муассисаи мазкур аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мироҷ Абдуллоев тасмим гирифта шуд, ки бо истифода аз ҳамаи имконият барои беҳдошти шароити таълимию тадрисӣ дар ин муассисаи таҳсилотии умумӣ  ба онҳо як миқдор маводи таълимӣ, аз ҷумла  60 адад миз ва 50 адад курсиҳо барои утоқҳои кории  муаллимон харидорӣ ва тақдим намояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 14, 2021 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»