Венгрия барои соли таҳсили 2022-2023 бурсияҳои таҳсилӣ аз рӯи зинаҳои бакалавриат, магистратура ва РhD ҷудо намудааст

Декабрь 8, 2021 09:28

ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти довталабон мерасонад, ки Ҷумҳурии Венгрия барои соли таҳсили 2022-2023 бурсияҳои таҳсилӣ аз рӯи зинаҳои бакалавриат (4-5 сол), магистратура, РhD (2+2 сол) ва инчунин курсҳои омӯзишии яксола ҷудо намудааст.

Қабули хуҷҷатҳо тариқи онлайн дар сомонаи https://apply.stipendiumhungaricum.hu/ то 15 январи соли 2022 идома меёбад. То ин муддат довталабон бояд худро дар сомонаи мазкур тариқи онлайн ба қайд гирифта, тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро дар шакли электронӣ (сканершуда) ба кабинети инфиродии худ ворид намоянд.

Таҳсил дар донишгоҳҳои Венгрия бо забонҳои венгерӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Донишҷӯёне, ки таҳсилро бо забони венгерӣ ба роҳ мемонанд, соли аввал курси омӯзиши забони венгериро гузашта, аз соли дуюм аз рӯи ихтисоси интихобнамудаашон таҳсил менамоянд.

Донишҷӯёне, ки таҳсилро бо забони англисӣ интихоб менамоянд, метавонанд ҳам бо сертификатҳои сатҳи байналмилалии ТОEFL, IELTS ва ҳам сертификатҳои одии Advance ва Upper — Intermedate худро номнавис намоянд. Аз ин лиҳоз ба довталабон зарур аст, ки ҳангоми интихоби донишгоҳ ба талаботи онҳо оид ба сатҳи забондонӣ ва сертификати зарурӣ шинос шаванд.

Инчунин довталабоне, ки муассисаи таълимиро (мактаб, донишгоҳ) бо забони англисӣ хатм намудаанд ва ё бо забони англисӣ таҳсил намуда истодаанд метавонанд бе сертификати забондонӣ худро ба қайд монанд. Дар ин сурат ба онҳо зарур аст, ки дар хусуси бо забони англисӣ таҳсил намуданашон маълумотнома пешниҳод намоянд.

Ба довталабоне, ки ҳангоми бақайдгирӣ сертификати забони англисӣ надоранд, зарур аст маълумотномаи иловагӣ пешниҳод намуда, дар он тасдиқ намоянд, ки то 1 августи соли 2022 сертификати худро дастрас ва пешниҳод менамоянд. Дар сурати пешниҳод нагардидани маълумотномаи мазкур ва инчунин то 1 апрели соли 2022 пешниҳод нагардидани сертификати забони англисӣ бурсияи онҳо бекор карда мешавад.

Дар доираи бурсияҳои мазкур ҷониби Венгрия чунин имтиёзҳоро пешниҳод намудааст: таҳсили ройгон; хобгоҳи ройгон; суғуртаи тиббӣ ва стипендияи моҳона — барои донишҷӯёни зинаҳои бакалавр ва магистратура 120 евро ва барои донишҷӯёни зинаи PhD 415 евро (2 соли аввал), 530 евро (2 соли охир).

Чунин ҳуҷҷатҳо ва талаботи онҳо:  Анкета — тариқи онлайн бо забони англисӣ хонапурӣ карда мешавад. Мактуби ҳавасмандӣ — (motivation letter) бо шрифти Times New Roman (ҳаҷми ҳарф 12) на камтар аз як саҳифа. Хуҷҷати тасдиқкунандаи дараҷаи забондонӣ (сертификат).  Транскрипсияи баҳоҳо бо тарҷумаи забоне, ки довталаб таҳсилро интихоб намудааст. Маълумотномаи тиббии шакли байналмилалӣ, маълумотнома оид ба ВИЧ/СПИД (AIDS), гепатитҳои А, В ва С (бо тарҷумаи забони англисӣ дар сурате, ки маълумотномаҳо бо забони тоҷикӣ дастрас шуда бошанд). Нусхаи шиносномаи хориҷӣ, довталабоне, ки шиносномаи хориҷӣ надоранд, то дастрас намудани он метавонанд шиносномаи тоҷикии худро пешниҳод намоянд.  Аттестат — (танҳо барои зинаи бакалавр) аттестати муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тарҷумаи он бо забони интихобнамудаи таҳсил (англисӣ ва ё венгерӣ). Диплом — барои магистратура дипломи муассисаи таҳсилоти олӣ ва тарҷумаи он бо забони интихобнамудаи таҳсил. Нақшаи тадқиқотӣ (research plan), (танҳо барои зинаи PhD). Ду тавсиянома (recommendation letter). Тасдиқнома (declaration) — дар сурате, ки довталабон дар соли охири таҳсил қарор доранд ва ҳоло сертификат, аттестат ва ё ин ки дипломи худро дастрас накардаанд, ҳангоми бақайдгирӣ (регистрация) маълумотнома аз муассисаи худ оид ба таҳсил ва тасдиқнома бо имзои шахсии худ дар хусуси то 1 августи соли 2022 пешниҳод намудани сертификат, аттестат, диплом ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ манзур намоянд.

Нусхаи аслии ҳамаи ҳуҷҷатҳои зикршуда бояд бо забони интихобшудаи таҳсил тарҷума шуда, дар шакли электронӣ (сканершуда) дар кабинети инфиродӣ ҷойгузорӣ карда шаванд.

Бояд гуфт, ки довталабон метавонанд ба ғайр аз ихтисоси интихоб намудаашон ихтисоси дуюми иловагӣ низ (ба ғайр аз ихтисосҳои тиббӣ) интихоб намоянд. Дар сурате, ки довталаб аз имтиҳони ихтисоси интихобнамудааш ноком мегардад, ба имтиҳони ихтисоси ба таври илова интихобнамудааш роҳ меёбад.

Маълумоти муфассалро аз сомонаи https://apply.stipendiumhungaricum.hu/ дастрас карда метавонед.

АКС аз сомонаи Маркази барномаҳои байналмилӣ

Декабрь 8, 2021 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе дар мавзуи аҳамияти синошиносӣ ва муаррифии осори Абӯалӣ ибни Сино ҳамоиш баргузор шуд
1045-СОЛАГИИ ФАРЗАНДИ НОМВАРИ ТОҶИК, ДОНИШМАНД, ФАЙЛАСУФ ВА ТАБИБИ МАШҲУРИ ОЛАМ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО. Ба ин муносибат дар Тоҷикистон симпозиуми байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Душанбе намоиш-фурӯши китоб баргузор мегардад
Моҳи март дар Душанбе Фестивали «Сад ранги чакан» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти нақшдӯзиву зардӯзии чаканӣ баргузор мешаванд
Ҳунармандони Театри давлатии академии калони Узбекистон ба номи Алишер Навоӣ ба Тоҷикистон меоянд
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Исфара даври шаҳрии фестивали ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 20 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни тоҷики Донишкадаи умумирусиягии кинематографияи шаҳри Москва бо хобгоҳ ва стипендия таъмин карда мешаванд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо 19 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» соҳиби Шоҳҷоиза ва ҷойҳои намоён гардиданд
Агентиҳои иттилоотии Тоҷикистон ва Чин ба марҳалаи нави ҳамкорӣ ворид мешаванд
Таҳкими ҳамкорӣ дар самти дастгирии иттилоотӣ ва тарғиби сиёсати дӯстонаи Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд